ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 11 ТОННА ОҲАНПОРА АЗ КОРХОНАИ АЛЮМИНСОЗИИ ТУРСУНЗОДА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду корманди ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик” (ТАЛКО), сокинони 41 ва 36-солаи шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки ин ду нафар санаи 30-юми июни соли 2021, тахминан соати 14:00 “бо роҳи пинҳонӣ бо воситаи автомашинаи хизматии тамғаи КАМАЗ, ки ба корхонаи мазкур тааллуқ дорад, 11 ҳазор кг оҳанпораҳоро дуздида, ба маблағи 17 ҳазору 380-сомонӣ фурӯхтаанд.”
Тафтиши ин қазия идома дорад.

Корхонаи алюминсозии Турсунзода бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар гузашта беш аз 300 ҳазор тонна алюминий тавлид ва то 60 фоизи содироти кишварро таъмин мекард. Аммо солҳои охир ҳаҷми тавлиди алюминий дар ин корхона чанд маротиба коҳиш ёфтааст. Соли 2019 ТАЛКО ҳамагӣ 100 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button