ВидеоИлму фанноварӣТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ АСОСГУЗОРИ ПАЖУҲИШГОҲИ ДЕМОГРАФИЯ САЪДУЛЛО ИСЛОМОВ АЗ КОРОНАВИРУС

Субҳи 14 июл узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ мудири Пажуҳишгоҳи демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саъдуло Ибодович Исломов дар синни 78 бар асари гирифторӣ аз пандемияи нав COVID-19 аз олам даргузашт.  Дар ин бора Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод. Раёсати Академия ба пайвандон ва ошноёни марҳум номаи тасаллият изҳор карда, ба онҳо сабри ҷамил хостааст.

Саъдулло Исломов  2 июни соли 1943 ба дунё омада, соли 1966 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Саъдулло Исломов иқтисодиёт, демография ва  сотсиология буд.

Ӯ дар солҳои 70 дар Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти Госплани Тоҷикистон кор карда, солҳои 1991—1998 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Саъдулло Исломов ҳамин тавр, аз соли 1994 то 2013 мудири кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  буда, солҳои 1998 то 2000 раҳбари Маркази омӯзиши аҳолӣ  ва солҳои 2002—2010 раҳбари Пажуҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд. Аз соли 2011 ӯ дар мақоми муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ кор мекард.

Раёсати Академия Саъдулло Исломовро  яке аз бунёдгузорони мактаби демографии Тоҷикистон ном бурдааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button