Муҳоҷирон

БОЗДОШТИ 14 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ВИЛОЯТИ КАЛУГА (4 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Калугаи Русия хабар дод, ки пулис дар ҷараёни як рейд дар яке аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Жуков 14 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дастгир кардааст. Пулис гуфт, муҳоҷирон дар ин хоҷагӣ ғайриқонунӣ кор мекарданд.

Дар натиҷа алайҳи муҳоҷирон 16 протокол тартиб додаанд: 114 протокол барои фаъолияти ғайриқонунӣ ва 2 протокол – барои вайрон кардани қонунҳои будубош дар Русия.

Пулис гуфт, ҳар кадом аз муҳоҷирони дастгиршударо 2 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд баст, вале корфармои онҳо бояд барои истифодаи ғайриқонунӣ аз нерӯи кори муҳоҷирон барои ҳар кадоме аз онҳо аз 250 ҳазор то 800 ҳазор рубл ҷарима супорад (дар умум, аз 3,5 миллион то 11,2 миллион рубл).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button