ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

77 ГУРЕЗАИ ҚИРҒИЗ БО БУЗУ АСПУ ҚУТОСУ УШТУРҲОЯШОН АЗ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 13 июл, соати 16:00, 77 шаҳрванди мулкии Афғонистон, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол, ки асосан сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хатти сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд. Онҳо чорвои худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қӯтос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.

Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадӣ гуфт, “сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.”

Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Дар камтар аз як моҳи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон қисмати аксари манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Ин боиси ба хоки Тоҷикистон фирор кардани беш аз 1500 сарбозу афсар ва беш аз 1000 нафар аз сокинони мулкии Афғонистон шуд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф метавонад суқут кунад.

Толибон гуфтаанд, ки қасди эҷоди ноамнӣ дар марз бо кишвари Тоҷикистонро надоранд.

Қиргизҳои Афғонистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button