347 ГУРЕЗАИ ҚИРҒИЗ АЗ АФҒОНИСТОН БО 3,5 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, ки 13-14 июли соли равон 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хатти сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Қизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то дусола фавтиданд. Ҳамчунин ба гуфтаи марзбонони тоҷик, ҳангоми ворид шудан ба марзи Тоҷикистон аз ин гурезаҳо беш аз 3,5 кило маводи мухаддир низ ёфт ва мусодира шудааст.
“Сарҳадбонони тоҷик бо риояи принсипи инсондӯстӣ ва робитаи неки ҳамсоягӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доштаанд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 13 июл, соати 16:00, 77 шаҳрванди мулкии Афғонистон, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол, ки асосан сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хатти сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Онҳо чорвои худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қӯтос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.
Бо ин вуҷуд, марзбонони тоҷик мегӯянд, вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Дар камтар аз як моҳи охир ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон қисмати аксари манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Ин боиси ба хоки Тоҷикистон фирор кардани беш аз 1500 сарбозу афсар ва беш аз 1000 нафар аз сокинони мулкии Афғонистон шуд.
Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф метавонад суқут кунад.
Толибон гуфтаанд, ки қасди эҷоди ноамнӣ дар марз бо кишвари Тоҷикистонро надоранд.