ВидеоМуҳоҷирон

ҚАСДГИРӢ: САБАБИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР МАСКАВ МАЪЛУМ ШУД (ВИДЕО)

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ ва Telegram-канали Mash хабар доданд, ки сабаби занозании оммавии шаби 12 июл байни мухоҷирон дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар шаҳри Маскав қасди интиқом гирифтан барои занозании як рӯз қабл дар Химки будааст.

Бино ба иттилои ин ду нашрия, занозании аввал дар Химки рӯзи 11 июл сурат гирифта, дар он ду зодаи Қирғизистон захми корд хӯрдаанд. Намояндаи ВКД Қирғизистон дар Русия Нурлан Жанбаев гуфт, муҳоҷирон ҳангоми бозии билярд ҷанҷол кардаанд. Дар ҳар сурат, баъди занозании аввал зодагони Қирғизистон зодагони Тоҷикистонро ба “разбор” дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” даъват кардаанд. Қарори онҳо соати 19 буд, вале “разбор”, ки ба занозанӣ печид, дар ниҳоят қарибии нимашаб, соатҳои 23:30 сурат гирифт.
Дар пайи ин занозанӣ дар хиёбони Волгоград 102 нафарро дастгир кардаанд. Нурлан Жанбаев гуфт, 70 нафари дастгиршудагон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд. Дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба маълумоти Жанбаев, дар занозании ахир боз як шаҳрванди Қирғизистон корд хӯрдааст ва се шаҳрванди Тоҷикистон аз латтукӯб шуданашон ба пулис шикоят кардаанд.

Хабарнигорон боз як паҳлуи ҷолиби ин қазияро ошкор карданд. Бино ба иттилои нашрияи “МК”,  кормандони пулис аз пеш дар бораи ин занозанӣ хабар доштаанд. Як марди ношинос бо рақами 02 ба пулис занг зада, хабар додааст, ки рақами телефони ӯро саҳван ба як чат дар шабакаи Ватсапп шомил кардаанд. Дар ин чат шаҳрвандони Қирғизистон ҳамватанони худро барои ҷанг бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон даъват мекарданд. Масъулони чат баъди чанде иштибоҳи худро фаҳмида, рақами телефони он марди манбаи пулисро аз чат пок кардаанд ва ӯ маълумоти бештар ба пулис дода натавонистааст. Вале ба ӯ муяссар шудааст, ки пулисро аз хабари асосӣ: кай ва дар куҷо ва бо иштироки кӣ доир шудани занозанӣ хабардор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button