ВарзишВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ДАР ИРКУТСК

Баҳодур Шарипов, собиқ футболбози тоҷик, ки дар хатти нимҳимоя бозӣ мекард, ба таври фоҷиавӣ дар шаҳри Иркутски Русия дар синни 39 ҷон бохтааст. Дар ин бозор дар Фейсбук дар гуруҳи “Футболи Тоҷикистон” хабар доданд. Дӯстони Баҳодур Шарипов навиштаанд, ки ӯро нирӯи барқ зад ва баъди ин ҳодиса чанд рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, рӯзи 12 июл вафот кардааст. Маълум нест, ки ин ҳодиса дар хонааш рӯй додааст ё дар ҷои кор?

Бино ба иттилои “Азия Плюс”, Баҳодур Шарипов 25 январи соли 1982 дар Ҳисор ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро ҳамроҳи бародараш Сӯҳроб дар дастаҳои Ҳисор: «Шодмон» ва «Фаррух» оғоз кардааст. Баҳодур Шарипов сипас дар ҳайъати дастаҳои ЦСКА, «Энергетик», «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд», «Вахш», «Парвоз», “Хайр” ва як муддат дар ҳайъати дастаи «Андиҷон» аз Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардааст. Баҳодур Шарипов ба ҳайъати тими яккачини Тоҷикистон низ даъват шуда буд.

Бори охир  Баҳодур Шарипов соли 2016 дар чемпионати Тоҷикистон дар ҳайъати “Хайр” аз Ваҳдат ба майдон баромада буд. Баъди анҷоми  футболбозӣ ӯ ба Русия рафт: аввал ба муҳоҷирати корӣ рафт ва баъдан тибқи барномаи “Переселение” бо аҳли оилааш ба онҷо кӯчид ва дар Иркутск муқим шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button