ВидеоТоҷикистонҶомеа

ИМРӮЗ ЗОДРӮЗИ РУФЕЙДАИ ҒӮРРАМАРГ АСТ…

Агар умр вафояш мекард, Руфейда Иноятова имрӯз 8-сола мешуд. Вале…

Руфейда Иноятова нимаи дуюми рӯзи 4 июл аз назди хонааш дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ (корхонаи пахтаи Айнӣ) гум шуд ва пораҳои реза-резаи ҷасади ӯро рӯзе баъд пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли ин кӯдак ҳамсояи 30-солаи онҳо бо номи Раҳматуллоро дастгир кардаанд. Саида Иноятова, аммаи кӯдак навишт,  ҳамсояи онҳо Раҳматулло, ки Руфейда бо кӯдаконаш дугона буду ҳамроҳ бозӣ мекард, рӯзи 4 июл Руфейдаи аз гапу кори ин дунё бехабарро бо роҳи фиреб ба манзили худ бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст ва сипас ӯро кушта, ҷасадашро реза-реза кардааст ва дар чанд халтаи алоҳида тақсим карда, дар ҳоҷатхона партофтааст.

Саида Иноятова навишт, ки дар тоза кардани изи ин ҷинояти ваҳшиёна ба Раҳматулло модараш кумак кардааст ва ӯ аз ҷумла изҳои хунро дар фарши даромадгоҳи бино ва дохили хонаашон тоза шуста, сипас наздикони Руфейда ва намояндагони мақомотро ба хонааш даъват карда, нишон додааст, ки Руфейда инҷо нест. Ва ин дар ҳоле будааст, ки ба навиштаи Саида Иноятова, пораҳои ҷасади Руфейда дар даруни халтаҳо ҳанӯз дар ин хона пинҳон карда шуда буд.

Ба навиштаи Саида Иноятова, вақте пораҳои ҷасади Руфейдаро ёфтанд, модари Раҳматулло боз модари ғамзадаи кӯдакро айбдор кардааст, ки гӯё … айби худи модари Руфейда шудааст, чунки духтарашро беназорат гузоштааст.

Гулсун Иноятова, бибии Руфейда гуфт, Руфейда ва Румейса дугоник ба дунё омада буданд ва азбаски дугоникҳо ба якдигар наздикии вижаи хунӣ доранд, бештар аз ҳама барио марги Руфейда Румейса азоб мекашад.

Дар пайи қатли ваҳшиёнаи Руфейда бисёриҳо талаб карданд, ки ҳукми қатлро барои чунин ҷиноятҳо барқарор кунанд ва ба қотили ин кӯдаки маъсум ҳукми қатл дода, ин ҳукмро дар байни мардум иҷро кунанд, то барои боқӣ педофилҳо дарси ибрат шавад.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ низ баъди қатли Руфейда дар як муроҷиатнома таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» ба роҳбарони кишвар хостори шадидтар кардани ҷазо барои ҷиноятҳо ба зидди кӯдакон, ба хусус ҷиноятҳои зидди дахлнопазирии ҷинсии тифлон шуданд.

Ба ин муроҷиатнома Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон вокуниш кард ва гуфт, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ҷараёни таҳқиқи қазияи қатли ин кӯдакро зери назорати худ гирифтааст. Маҷлиси миллӣ ҳамчунин гуфт, ҳоло тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад, ки дар он шадидтар кардани ҷазо барои ҷиноятҳои зидди кӯдакон  пешбинӣ шудааст.

Вале барои Руфейда ин ҳама гапу кори ин дунё дигар аҳамият надорад. Ӯи бегуноҳ ба раҳмати Ҳақ пайваст ва аз ин ҳама гирудор дар мазори мисли худаш кӯчае оромиш пайдо кардааст…

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=4081337175249159&id=100001187504065

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button