ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХАМИ САВРА ВА ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ НАСОСУ 150 МЕТР ҚУБУР

Субҳи 12 июл соати 04:40 дар ҳудуди деҳаи Хами Савраи ноҳияи Файзобод бар асари  ба мошини дар канори роҳ беҳаракат истодаи “Ҳова” бархӯрдани “Ҳундай Портер”, ронандаи “Ҳундай” Хусрав Икромов, с.т. 1989, сокини ҷамоати Мискинобод дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Шоми 11 июл, соати 20:30, дар шаҳри Душанбе як мошини “Мерседес”, ки соҳибаш беназорат гузошта буд,  ба ҳаракат даромада, кӯдаки хурдсол Мавлуда Холова, с.т.2017-ро пахш кардааст. Кӯдак дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдаки хурдсол, ба ҳалокат расида,  беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххх

Сокини 31-солаи  ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод  ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 июл аз заминҳои хоҷагии деҳқонии як ҳамдеҳааш дар Дашти Мирзо як муҳаррики обкашӣ ва 150 метр қубури обгузарро дуздида, ба соҳиби он 11 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххххх

Зани 59-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи майи соли 2012 то моҳи январи соли 2014, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо баҳонаи тиҷорат аз ӯ  19 ҳазор доллар гирифтаааст, вале то имрӯз аз ин маблағ фақат 3800 долларашро баргардондаасту тамом.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 12-уми июли соли 2021, тахминан соати 04:40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай Портер”, Икромов Хусрав Додарбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди деҳаи Хами Савраи ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Ҳова”, ки таҳти идораи Давлатов Муҳаммадраҳим Маҳмаднаимович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Навди ноҳияи Рашт, ки дар канори рости роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай Портер”, Икромов Х.Д. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 11-уми июли соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа ронандаи автамашинаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Бахтиёр Қурбонович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми автамашинаи мазкурро дар нишебии назди хонааш гузоштан аз нишеби ба ҳаракат даромада, хурдсол, Холова Мавлуда Шодмоновна, соли таваллудаш 2017, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Холова М.Ш ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи-дашти ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии воқеъ дар деҳаи Дашти-Марзо 1-адад муҳаррики обкашӣ ва 150-метр қубури обгузарро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи-дашти ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани зани қаллоб

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 59-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз моҳи майи соли 2012 то моҳи январи соли 2014, якчанд маротиба бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо баҳонаи бо тиҷорат машғул шудан, аз охирон 19 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, аз он 3 ҳазор 800 доллари амрикоиро дода, боқимонда 15 ҳазору 200 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button