Дар пайи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар хиёбони Волгоград дар ҷанубушарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, 102 нафарро дастгир кардаанд. Занозани шаби 12 июл, соати 23:30 дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” рӯй додааст.
Бино ба иттилои нашрияи “МК”, асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамчунин аз Ӯзбекистон, ду зодаи Туркманистон, ду зодаи Озарбойҷон ва ҳамин тавр, се сокини ҷумҳурии Доғистони Русия боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд.
Дар ҷараёни занозанӣ дастикам як нафар осеби ҷиддӣ бардоштааст: Умед Қурбонови 18-соларо бо аломатҳои ҷунбидани майнаи сар дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Хабарнигорони “МК” боз як паҳлуи ҷолиби ин қазияро ошкор кардаанд. Маълум мешавад, кормандони пулис аз пеш дар бораи ин занозанӣ хабар доштаанд. Як марди ношинос бо рақами 02 ба пулис занг зада, хабар додааст, ки рақами телефони ӯро саҳван ба як чат дар шабакаи Ватсапп шомил кардаанд. Дар ин чат шаҳрвандони Қирғизистон ҳамватанони худро барои ҷанг бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон даъват мекарданд. Масъулони чат баъди чанде иштибоҳи худро фаҳмида, рақами телефони он марди манбаи пулисро аз чат пок кардаанд ва ӯ маълумоти бештар ба пулис дода натавонистааст. Вале ба ӯ муяссар шудааст, ки пулисро аз хабари асосӣ: кай ва дар куҷо ва бо иштироки кӣ доир шудани занозанӣ хабардор кунад.