ВидеоМуҳоҷирон

КӮДАКИ ЧОРСОЛАИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ҒАРҚ ШУД

Нимаи дуюми рӯзи 10 июл кӯдаки чорсолаи як оила аз Тоҷикистон ба сабаби беаҳамиятии волидон дар ноҳияи Пушкини вилояти Маскави Русия  ғарқ шудааст. Ӯро дар ҳолати вазнини мадҳушӣ ба бемористон бурдаанд, вале табибон кӯдакро аз коми марг наҷот дода натавонистаанд: Баъди 6 соат кӯдак дар беморхонаи шаҳри Пушкино ҷон бохтааст.

Хабаргузории Федеральное агентство новостей (ФАН)  бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки субҳи 11 июл, соати 8:25 аз бемористони Пушкино ба пулиси шаҳр занг зада, аз марги як кӯдак дар ин бемористон хабар додаанд. Табибон гуфтаанд, ки ин кӯдаки чорсоларо нимаи дуюми рӯзи 10 июл дар ҳолати мадҳушӣ оварда буданд.

Пулис муайян кардааст, ки кӯдакро аз соҳили обанбори Пестово, воқеъ дар деҳаи Тишково ба бемористон овардаанд ва ин кӯдак шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

“Кӯдак ҳамроҳи падари 28-солааш дар лаби об будааст. Падару модари ӯ дар як корхонаи кишоварзӣ кор мекардаанд. Падари кӯдак лаҳзае ӯро беназорат мегузорад ва кӯдак худро ба об мепартояд. Ӯро баъди чанд вақт аз об берун кашидаанд, вале алакай дер шуда буд. Муддате, ки ӯ зери об буд, мағзи сари кӯдакро аз кор бароварда будааст алакай” — нақл кардааст ба хабаргузории ФАН манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозӣ, мемиранд.  Танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ, бино ба хабарҳо, дар Русия беш аз 20 муҳоҷири тоҷик ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button