Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР ДУ САДАМАИ ШАБОНА ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 10 ба 11 июл тақрибан дар як вақт дар ду садама дар ду гӯшаи гуногуни пойтахт, шаҳри Душанбе ду кӯдаки чорсола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла  тахминан соати 23:10 ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Холов Рустам Каримович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Карамов аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи А.Навоӣ дар рӯ ба рӯи бинои масҷиди ҷомеи Навобод хурдсол, Сулаймонов Дамир, соли таваллудаш 2017, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи ҳамон шаби 10 июл ва тахминан ҳамон соати 23:10 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Ҳукмиддинов Низом Файзуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат  бо зеркӯчаи С.Айнӣ Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №369 аз ӯҳдаи идораи воситаи наклиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Фолксваген-Пассат», ки таҳти идораи Сатторов Сиродҷиддин Ҳотамуродович, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили «Фолксваген-Пассат» хурдсол, Сатторов Ҷабраил, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдаки хурдсол, ба ҳалокат расида,  беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button