Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

ДИКТОРИ СОБИҚИ ТВ ТОҶИКИСТОН МУНАВВАРА УСМОНОВА ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ

Журналист Шаҳло Наҷмиддинова дар гуруҳи фейсбукии АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ ин хабарро аз Малохат Дустматова бознашр кард:

“Дар қатори ин шабурӯз рафтагон , наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ карданд.

Рӯҳу равонашон шод бошад, омин.

Сегодня рано утром скончалась от ковида Мунаввара Усмонова , она была одной из известных телевизионных дикторов страны, ветераном таджикского телевидения.

Тафсилоти дигар дода нашудааст.

Мунаввара Усмонова 70 сол дошт.Ӯ риштаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Шевченкоро хатм карда, дар даврони Шӯравӣ солҳои тӯлонӣ яке аз ду диктор ё муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button