Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ҲОҶӢ ҚАЮМ – РОҲБАРИ КОРХОНАИ ТИЛЛОИ ШУГНОВ АЗ КОРОНАВИРУС

Ҳоҷӣ Қаюм Одинаев, раҳбари кооперативи заршӯии “Одина” дар кони тиллои Шугнов, шоми 11 июл дар Маркази тиббии №1 шаҳри Душанбе, ки бо номи бемористони “Якум Советский” маъруф аст, дар синни 71 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Ҳоҷӣ Қаюм беш аз як моҳ боз дар “Якум Советский” аз коронавирус табобат мегирифт, вале табибон ӯро наҷот дода натавонистанд.

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қаюмро барои дафн ба Шугнов бурдаанд. Намози ҷанозаи ӯ, ба гуфтаи наздиконаш, рӯзи 12 июл доир мешавад.

Ҳоҷӣ Қаюм яке аз соҳибкорони муваффақ дар риштаи истихроҷи тилло ба шумор мерафт. Ӯ дар барномаҳои иҷтимоӣ низ саҳм мегирифт ва аз ҷумла аз ҳисоби худ мактаб ва бемористон сохта буд.

25 сентябри соли 2020 дар маросими ифтитоҳи коргоҳи нави заргарии кооперативи заршӯии “Одина” дар мавзеи Чилчанори ноҳияи Ховалинг президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд. Гуфта мешуд, ки дар ин коргоҳ наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.  

Ифтитоҳи коргоҳи заргарии “Одина” дар ноҳияи Ховалинг   25.09.2020

Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони мухолифин, ки дар Аврупо ба сар мебарад, хабар дод, ки яке аз хешовандони наздикаш Афғоншо аз бемории коронавирус ҷон бохтааст. Бино ба иттилои Шерзамонов, Афғоншо баъди фавти фарзанди калониаш дигар ба худ наомад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 11 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 38 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва як ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шуда, 21 бемор, хушбахтона, шифо ёфтаанд.

Дар умум аз аввали пандемия дар Тоҷикистон, бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, 13 ҳазору 834 нафар гирифтори коронавирус шуда, 103 нафар фавтидаанд ва 13 ҳазору 535 нафар, ё 97,8% аз шумораи умумии гирифторшудагон шифо ёфтаанд. Тибқи ин омор, ҳоло дар Тоҷикистон 196 бемор бо аломатҳои коронавирус таҳти табобат қарор доранд. Аммо мунтақидон мегӯянд, шумори воқеии беморон ва қурбониёни коронавирус дар кишвар хеле бештар аз ин омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ тасдиқ мекунад.

Дар матбуот то имрӯз дар бораи аз коронавирус ё”илтиҳоби шуш” даргузаштани беш аз 30 нафар аз танҳо шахсиятҳои шинохта гузориш шудааст.

Ҳоҷӣ Қаюм Одинаев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button