Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳангЧеҳраҳо

БАРОИ ИСФАНДИЁР ҒУЛОМОВ ВА САФАРБЕКИ СОЛЕҲ ДУО КУНЕД!

Журналист Дилафрӯз Қурбонӣ дар Фейсбук хабар дод, ки ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик Исфандиёр Ғуломов ва шоир ва коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ҳарду бемор шудаанд.  Ӯ аз ҳамаи мухлисон хостааст, то барои шифои комили ин ду ҳунарманд дуо кунанд.

Бино ба иттилои Дилафрӯз Қурбонӣ, Исфандиёр Ғуломов дар хона бо ҳамсараш табобат мегирад. Ҳунарманди маҳбуб дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ҳоло аҳволаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ва аммо Сафарбеки Солеҳ, бино ба иттилои муаллиф, чанд рӯз боз бо коронавирус, ки Дилафрӯз Қурбони “ин шумқадами замон” номаш бурдааст, дар мубориза буда, зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор доштааст ва бо касе ҳарф зада наметавонад.

Дӯстони азиз! Биёед, ҳама даст ба дуо бикушоем ва аз Худованд барои ин ду ҳунарманди маҳбуб ва кулли бемороне, ки аз коронавирус ва дардҳои дигар ранҷ мекашанд, талаби шифо кунем!

Delafroz Kurboni 

Шифои комил ба ҳунарпешаи нотакрори театру синамо Isfandier Gulyamov

Дӯстони азизам, ҳамчунин огаҳ шудам, ки ҳунарманди машҳуру маҳбуб Исфандиёр Ғуломов низ беморанду дар хона бо ҳамсарашон табобат мегиранд.

Дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки каме ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Табобаташон бо маром идома дорад ва духтурон зуд-зуд омада, онҳоро назорат мекунанд.

Ба устоди ҳунар Исфандиёр Ғуломов шифои комилу оҷил металабем…

Delafroz Kurboni 

Шифои комил ОРЗУМАНДЕМ!

Дӯстони азиз, яке аз бародарони хуби мо, шоири нуктасанҷ, коргардони шинохта Сафарбеки Солеҳ беморанд ва чанд рӯзест бо ин шумқадами замон дар мубориза. Зери дастгоҳи нафаскашиянд ва бо касе ҳарф зада наметавонанд…

Биёед, барои шифои комилу оҷили бародарамон дуо кунем.

Худованд ба шумо шифо диҳад, акаи Сафарбек!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button