ВарзишВидео

ВИДЕО: МАКГРЕГОР ИН ДАФЪА ҲАМ АЗ ПОРЕ ШИКАСТ ХӮРД

Шаби 10 ба 11 июл набарди сеюми байни ду размандаи машҳури ҳарду 32-солаи ҷангҳои бидуни қоида (ММА) Дастин Поре (Амрико) ва Конор МакГрегор (Ирландия) дар Лос Анҷелес бо шикасти навбатии МакГрегор анҷом ёфт. Ин набарди сеюми байни онҳо буд ва инак Поре бори дуюм бар МакГрегор ғолиб омад.

Набард, ки мебоист 5 даври ҳар кадомаш 5-дақиқагӣ давом мекард, алакай дар анҷоми даври аввал ба поён расид. МакГрегор, ки худро нав аз асорати дастони Поре халос карда буд, ба ҳуҷуми ҷавобӣ мешитофт, ногаҳон пешпо хӯрду пояшро шикаст.

Довар маҷбур шуд, ки қувваозмоии аз ҳама пуртамошобин дар чорчӯби мусобиқоти UFC 264-ро пеш аз муҳлат қатъ карда, ба МакГрегор нокаути техникӣ эълон кунад. Ин дар ҳоле буд, ки МакГрегор бо вуҷуди дар рӯи фарши майдон нишастанаш дод мезад, ки ӯ метавонад набардро давом диҳад.

Ин бори аввал аст, ки МакГрегор бо шикасти техникӣ мағлуб мешавад.

Ӯ дар умум дар собиқаи варзишиаш дар ММА 22 пирӯзӣ ба даст оварда, 5 дафъа шикаст хӯрдааст. Поре то имрӯз 27 пирӯзӣ ва 6 бохт дорад.

Онҳо байни худ се дафъа вориди рақобат шудаанд. Дар набарди аввал дар соли 2014 МакГрегор пирӯз шуд. Моҳи январи соли 2021 Поре дар даври дуюми набард МакГрегорро ба нокаут фиристод ва ғолиб омад. МакГрегор инак дар реванш низ шикаст хӯрд.

Размандаи зодаи Доғистони Русия Ҳабиб Нурмагомедов, ки соли 2018 МакГрегорро шикаст дода буд, дар саҳифааш дар Твиттер Пореро бо ин пирӯзӣ табрик гуфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button