Коррупсия

ҚОЗӢ НОСИРХОН САФАРЗОДА БАРОИ 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПОРА БА 3 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Носирхон Сафарзода, собиқ қозӣ (судя, додрас) -и суди иқтисодии вилояти Хатлон дар поёни моҳи май бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора айбдор дониста шуда, ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни ин парванда ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ҳукми Сафарзода алакай ба ҳукми иҷро даромада ва ӯ барои адои ҷазо бамаҳбаси воқеъ дар паси бинои раёсати БДА интиқол дода шудааст. Дар ин маҳбаси воқеъ дар канораи ғарбии шаҳри Душанбе кормандони собиқи мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони суду милиса ва прокуратура адои ҳукм мекунанд.

“Носирхон Сафарзода ин ҳукмро пазируфт ва дигар чашм ба роҳи қонуни афв аст, ки бояд моҳи август ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шавад. Ӯ мутмаин аст, ки бар асоси ин қонуни афв ба озодӣ мебарояд”, – гуфт манбаи “Бомдод”.

Ба журналистон то ҳол муяссар нашудааст, ки назари Сафарзода ё адвокат ваё наздикони ӯро ба ин парванда бипурсанд.

Ёдовар мешавем, Носирхон Сафарзода, ки қаблан ба ҳайси додрас дар додгоҳи шаҳри Панҷакент кор мекард ва соли 2017 додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуда буд, рӯзи 9 марти соли 2021  аз ҷониби мақомоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора парванда кушоданд.

Ба дунбол, алакай рӯзи 19 март, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармони алоҳида Сафарзода Носирхонро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард.

Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Ҳар сол президент чандин фармони барканории судяҳо бо айни далели “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”-ро содир мекунад.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар ҷумлаи кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст. Созмони Transparency International моҳе пеш дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз лиҳози сатҳи коррупсия дар байни 180 кишвари дунё дар мақоми 149-ум ҷой дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button