Муҳоҷирон

МАРГИ ПУРАСРОРИ ҶАВОНИ ТОҶИК ВА ДУХТАРИ ӮЗБЕК ДАР ҶАНГАЛЕ ДАР РУСИЯ

Рӯзи 10 июл сокинони шаҳраки Уст-Ижора дар ҷангале дар наздикии шаҳраки Понтонний дар ноҳияи  Колпино дар ҷанубушарқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасадҳои писару духтари ҷавонро пайдо карданд. Мақомоти тафтишотӣ рӯзи 11 июл муайян карданд, ки ҷавон шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ва духтар шаҳрванди 15-солаи Ӯзбекистон буда, ҷавон дар хиёбони Просвешение дар Колпино ва духтар ҳамроҳи падару модар ва додараш дар деҳаи Киселняи ноҳияи Волхови вилояти Ленинград зиндагӣ мекардаанд.

Нигора, модари духтар ба мақомот гуфтааст, ки ӯ зи 9 июл 100 рубл пурсида, ба берун рафтааст. “Вай пеш ягон вақт ягон ҷо намерафт”, – гуфтааст модари ғамзада.

Кормандони пулис аз ҷои ҳодиса танҳо телефон, як ҷуфт пойафзоли занона ва банди капронро пайдо кардаанд. Бар асоси як фарзия, гумон меравад, ки ҷавон ва духтар бо якдигар муносибатҳои ошиқона доштанд ва ба кадом далели ҳанӯз норавшан якҷоя худкушӣ кардаанд. Кадом аломати марги иҷборӣ дар бадани ҷавону духтар пайдо нашудааст.

Вале Кумитаи тафтишот дар ҳоли ҳозир парвандаи ҷиноятиро бар асоси моддаи “Аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани ду нафар” оғоз кардааст. Феълан дар ин парванда ягон гумонбар нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button