Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ ПИРӢ ҲУСАЙН

Парвина Гулова, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки генерал-майори мустаъфӣ Пирӣ Ҳусайн рӯзи 10 июл дар пайи бемории тӯлонӣ ҷаҳони фониро тарк гуфт.  Бино ба иттилои Парвина Гулова, намози ҷанозаи марҳум рӯзи 11 июл, соати 10:00, дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бофанда, 29 баргузор мешавад.

Пирӣ Ҳусайн то ба нафақа рафтан дар вақташ роҳбарии ниҳодҳои муҳими ВКД, аз ҷумла чандин сол роҳбарии УБЭП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

“Роҳбарият, тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони милитсия аз фавти устод, роҳбар, ҳамкор, ҳамсангар, дӯст, бародар ва генерали ҳирфаӣ, ки солиёни зиёд ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда, садҳо шогирдони асил тайёр намудааст, сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Худованд марҳумро раҳмату мағфират намояд ва ҷояшро ҷаннати барин гардонад!” – навиштааст Парвина Гулова дар саҳифааш дар Фейсбук.

Корманди маркази матбуоти ВКД дар бораи иллати марги генерал Пирӣ Ҳусайн чизе нанавиштааст, вале манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ чанд рӯзи охир бо бемории коронавирус мубориза мебурд.

Латофат Ибрагимова, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки феълан дар Душанбе дар бемористон қарор дорад, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки генерал Пирӣ Ҳусайн дар бемористон ҷон додааст.

Генерал Пирӣ Ҳусайн якуним соат пеш (дар палатаи барамон дар ҳолати вазнин қарор дошт) аз дунё чашм пӯшид. Худованд хонаи охираташ ҷаннати ҷовидон бошад”, – навиштааст Латофат Ибрагимова.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button