3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ РОНАНДАВУ МУСОФИР ДАР ДАРУНИ МОШИНЕ, КИ ОТАШ ГИРИФТ

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд аз маҳалли садамаи пурқурбонии рӯзи 9 июл дар ноҳияи Деваштич, ки боиси марги ронанда ва як мусофираш шуд, 3 акс нашр кардааст.
Шаҳзода Бутаева, сухангӯи ин ниҳод гуфт, садама тақрибан соатҳои 13:30 дақиқа дар километри 8-уми роҳи мошингарди Деваштич – Истаравшан рух додааст.
“Мошини сабукрави Kia-Optima рақами қайди давлатиаш 88-80 OS 03, ки аз ҷониби як сокини 47-солаи деҳаи Деҳқонободи шаҳри Турсунзода идора карда мешуд, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад. Дар натиҷаи садама ронанда ва мусофири 35-солаи он, сокини ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Лолазор, деҳаи Яхтан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо истифода аз таҷҳизотҳои махсус ҷасади ронанда ва мусофирро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – гуфта мешавад дар хабар.
Шаҳзода Бутаева меафзояд, сабаби садама дақиқ нест, аммо шоҳидон мегӯянд ба назар мерасид ронанда натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд.
Қаблан маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин мошин баъди ба канори роҳ баромадану ба дарахт бархӯрданаш, оташ гирифтааст.
Рӯзи 9-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», Эралиев Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди «Истаравшан-Деваштич», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрда, сипас автомашина оташ гирифтааст.
“Дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми зиёди автомашина сӯхта, корношоям гардида, ронандаи автомашина Эралиев Абдусалом Тоштемирович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ва мусофираш зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигараш хурдсол, Зарипова Суғдиёна Санҷаровна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – хабар дода буд маркази матбуоти ВКД.



Агар аҳамият дода бошед аксар ҳолатҳо мошинҳо ба дарахтон ё симчӯбҳо бармехуранд.Ҳарчанд бисёр мавқеъҳои канори роҳ холӣ аст.Аҷоиб.