Хабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОНРО ЗАМИНЛАРЗАИ 5,8-БАЛЛӢ ЛАРЗОНД

Субҳи 10 июл, соати 7:14 ба вақти маҳаллӣ як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Шиддати заминларза дар марказаш 18-километрии ҷанубу шарқи Рашт дар шарқи кишвар иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер 5,8 баллро ташкил додааст.

Бино ба гузориши марказҳои зилзиланигорӣ, замин дар ин ҷо дар умқи 16 километр ларзидааст.  Сахт ларзидани заминро сокинон дар дигар манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахт, шаҳри Душанбе низ ҳис кардаанд.

Дар бораи кадом хисорот ё осебе бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

Заминларзаи Рашт шадидтарин заминларзаи рӯзи 10 июл дар дунё баъд аз зилзилаест, ки нимашаб бо шиддати 6,1 балл дар минтақаи Тобелои Индонезия сабт шудааст.

Тоҷикикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар ин кишвар чандсад заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз якуним балл боло сабт мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button