Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз 5 нафари ҳалокшуда бар асари заминҷунбии субҳи 10 июл дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод 4 нафараш кӯдакони синнашон аз 6 то 12 мебошанд. Тафсилоти дигаре дар бораи ҳалокати ин 5 сокини Тоҷикобод нашр нашудааст. КҲФ гуфт, ҳамчунин ду сокини ноболиғи ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморстон бистарӣ карда шудаанд.
Бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ, дар натиҷаи заминҷунбӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷамоати Ҳиҷборак 7 хонаи истиқоматӣ ва дар деҳаҳои Шархо ва Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона тахриб шудаанд.
Вале шоҳидон ва сокинон мегӯянд, шумори хонаҳои харобшуда бар асари офати табиӣ хеле бештар аст. Дар видеое, ки сокинон аз Ҳазорчашма нашр кардаанд, дида мешавад, ки заминларза деворҳои хонаҳоро кафондааст.
Таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як комиссияи махсус ташкил шуда, роҳбарони КҲФ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Кумитаи сохтмону меъморӣ Саридораи геология, ва Пажуҳишгоҳи зилзиланигорӣ барои таҳқиқи вазъ ва ҳисобукитоби ҳаҷми зарар ба маҳалли ҳодиса сафар кардаанд.
Ёдовар мешавем, субҳи 10 июл, соати 7:14 ба вақти маҳаллӣ як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Шиддати заминларза дар марказаш 18-километрии ҷанубу шарқи Рашт дар шарқи кишвар иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер 5,8 баллро ташкил додааст.
Бино ба гузориши марказҳои зилзиланигорӣ, замин дар ин ҷо дар умқи 16 километр ларзидааст. Сахт ларзидани заминро сокинон дар дигар манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахт, шаҳри Душанбе низ ҳис кардаанд.
Заминларзаи Рашт шадидтарин заминларзаи рӯзи 10 июл дар дунё баъд аз зилзилаест, ки нимшаб дар минтақаи Тобелои Индонезия сабт шудааст.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар ин кишвар чандсад заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз якуним балл боло сабт мешавад.