Тиб ва беҳдошт

ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ЧАШМОНАШРО КУШОД, ШАМСУЛЛО СОҲИБОВ ВА ШЕРАЛӢ КАБИР АЗ БЕМОРХОНА ҶАВОБ ШУДАНД

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, ки аз шоми 6 июл дар беморхонаи “Якум Советский” дар ҳолати беёд қарор дошт, чашмони худро боз кардааст. Вазъи саломатии ҳунарманд рӯзҳои охир вазнин арзёбӣ мешуд. Раҷаб Мирзо, маъмури гуруҳи “АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ” дар Фейсбук рӯзи 9 июл бо арзи ин хабар навишт, “пайвандони овозхон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққи ӯ дуогӯ буданд, аҳволпурсӣ ва кӯмаке намудаанд, изҳори сипоси худро тавассути як паём ба инҷониб расониданд ва хоҳиш карданд, ки онро эълон намоем. Худо кунад, ки дар тамоси дигар хабари хуштаре бишнавем, ки устоди саҳна аз бемористон берун шудаву паи хидмати мардум қарор доранд, омин!” Наздикони овозхон қаблан гуфта буданд, ки ӯро шоми 6 июл дар ҳолати вазнин дар беморхонаи “Якум Советский” бистарӣ карданд.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қуроналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ  роҳбари Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ ва роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд ва баъди ба Душанбе омаданаш роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” шуд.

Қурбоналӣ Раҳмон дар оғози фаъолияти эҷодиаш, бахусус замони дар ансамбли фолклории “Чашма” кор карданаш бо иҷрои таронаҳои мардумӣ маҳбубияти зиёд ба даст овард. Солҳои охир ӯ бештар таронаҳои орифона, асосан аз осори Мавлавӣ мехонад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Шамсулло Соҳибов, раҳбари ширкати “Фароз” ва домоди президент Эмомалӣ Раҳмон, ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирро, ки дар клиникаи Мансуров (Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология) аз “илтиҳоби дутарафаи шуш” табобат мегирифтанд, алакай  ба хона ҷавоб додаанд.

Дар бораи вазъи саломатӣ ва ҷараёни табобати Шамсулло Соҳибов маълумот хеле кам аст ва манбаи “Бомдод” танҳо гуфт, ки асароти “илтиҳоби дутарафаи шуш” аз бадани ӯ пурра нарафтааст ва Соҳибов  табобатро дар шароити хона идома хоҳад дод.

Шамсулло Соҳибов, ки қаблан намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия буд, ҳоло ширкати “Фароз”, яке аз ширкатҳои пештози кишварро мечархонад ва тиҷоратҳои гуногун, сар карда аз фурӯши маводи сӯхту рақамҳову муоинаи техникии мошинҳо ва мактабҳои ронандагӣ то корхонаҳои металлургиву муоинаҳои тиббӣ ва осоишгоҳи “Сафеддара”  дар дасташ аст.

Ҳамсари ӯ Рухшона Раҳмонова баъди Фирӯза, Озода, Таҳмина ва Парвина духтари панҷуми раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон буда,  дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунад.

Бино ба иттилои манбаи “Бомдод”, Шералӣ Кабир баъди ҷавоб шуданаш аз бемористон дар аввали ҳафтаи ҷорӣ як рӯз ба ҷои кораш – вазорати саноат – омадааст, вале дигар дар ҷои кор пайдо нашудааст. “Ҳоло пурра шифо наёфтааст ва эҳтимолан ба табобати худ дар шароити берун аз бемористон идома медиҳад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тақрибан ду ҳафта пеш бо аломатҳои “илтиҳоби дутарафаи шуш”  дар клиникаи Мансуров бистарӣ гардида, 5 рӯз (то 1 июл) ҳатто зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ қарор доштааст. Гуфта мешуд, ки барои табобати Шералӣ Кабир як табибро аз хориҷа низ даъват кардаанд.

Шералӣ Кабир моҳи ноябри соли 2020 вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. Ӯ  қаблан роҳбарии  Шӯрои мудирони ширкати алюминсозии ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шуда, соли 1992 Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button