Дин ва боварҳоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ИМОМХАТИБИ МАСҶИДИ КУЛАНГИР ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД

Наздикони Ҳоҷӣ Аҳад, имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Кулангири ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки ин рӯҳонӣ субҳи 9 июл дар синни 60 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, имомхатиб бо аломатҳои бемории коронавирус бистарӣ шуда буд, вале дар хона табобат мегирифт. Шаби гузашта аҳволи Ҳоҷӣ Аҳад якбора бад шудааст ва субҳ ӯ  ҷон супурдааст.

То кунун хабари фавти шаҳрвандон аз коронавирус асосан аз шаҳри Душанбе ва атрофи он ба даст мерасид. Ҳоҷӣ Аҳад аз замони ба Тоҷикистон расидани мавҷи нави коронавирус яке аз нахустин қурбониёни ин вирус аз вилояти Суғд аст, ки хабари маргашон расонаӣ мешавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки аз аввали сол хабари ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ва марги сокинон аз ин бемориро пойфишорона рад мекард, рӯзи 21 июн мавҷи нави коронавирусро дар кишвар расман эътироф кард ва рӯзи 1 июл бори аввал ду мавриди ҳалокати сокинон аз ин вирусро тасдиқ кард. Ин вазорат аз 21 июн ба ин тараф гирифтории 411 нафар ба коронавирус ва дар як ҳафтаи аввали моҳи июл марги 7 нафар аз ин бемориро расман тасдиқ кардааст.

Вале дар расонаҳо то имрӯз хабари марги дастикам 24 нафар аз танҳо шахсиятҳои шинохта гузориш шудааст.

РӮЙХАТТИ ҚУРБОНИЁНИ КОВИД ВА ИЛТИҲОБИ ШУШ

Дар матбуот то имрӯз рӯйхатти ҳудуди 18 нафар нашр шудааст, ки бо аломатҳои коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардаанд. “Илтиҳоби шуш” диагнозе буд, ки мақомоти Тоҷикистон то тасдиқи расмии мавҷи нави коронавирус маъмулан аз он  истифода мебурданд.

  1. Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 57-сола
  2. Домулло Абдураҳмон Боқизода,  аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, 62-сола
  3. Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, 62-сола
  4. Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
  5. Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 72-сола
  6. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, 35-сола
  7. Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ , 64-сола
  8. Майор Ҳомидҷон Устоев, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа
  9. Раҷабалӣ Саидвализода, мудири Дирексияи сохтмони иншооти давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент, 63-сола
  10. Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди бахши мусофиркашонии фурудгоҳи Душанбе, 39-сола
  11. Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар синни 80
  12. Фарида Мансурова, профессор, доктори илмҳои тиб, дар синни 69
  13.  Ихтиёр Холматов, хатмкардаи филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара, дар қисми низомӣ
  14. Ҳаким Шарифов, табиби дандон, дар беморхонаи Якум Советский аз коронавирус даргузашт
  15. Савзбаҳор Убайдова, 56cола, табиби бемористони Қараболо
  16. Хуршед Шарипов, 55-cола, соҳибкор аз кӯчаи Шамсӣ, қасабаи 82, аз коронавирус фавтид
  17. Ҳамсари вазири собиқи вазири молияи Тоҷикистон Анваршо Музаффаров
  18. Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар синни 64
  19. Ӯзбекбӣ Асадуллоева, модарарӯси президент, дар синни 88
  20. Қурбон Холов, раққоси собиқи ансамбли “Лола”, хореографи иттиҳодияи консертии “Базморо”, рӯзи 4 июл дар синни 54 вафот кард.
  21. Академик Карим Ҳайдаров, 86 сола, 6 июл дар бемористони “Якум Советский” вафот кард
  22. Ҳабиба Қурбонова, корманди нашриёти “Адиб”, 6 июл дар бемористони “Якум Советский” вафот кард
  23.  Номзади илмҳои тиб Саидов Хуршед Мирзокаримович, 6 июл дар  корпуси панҷуми бемористони Қараболо вафот кард
  24. Ҳоҷӣ Аҳад, имомхатиби масҷиди Кулангири ноҳияи Б.Ғафуров, 9 июл дар синни 60 вафот кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button