Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ФАРЗИЯИ ҚИРҒИЗИСТОН: ДАР ТИРПАРРОНӢ АЗ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН НИЗ КУШТАВУ ЗАХМӢ ҲАСТ

Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон рӯзи 9 июл хабар дод, ки як рӯз пеш дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистон марзбони қирғиз – сержант Ҳуснидин Ҳоҷиев, с.т. 1994, кушта шудааст. Сабаби марги сержан мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Марзбонони қирғиз тирпарронии рӯзи 8 июлро “ҳамлаи ногаҳонии марзбонони тоҷик ба ҳайъати дидбонии марзбонони қирғиз” номида, гуфтаанд,  “бино ба маълумоти муқаддамотӣ, аз ҷониби Тоҷикистон низ дар ин даргирӣ куштаву захмиҳо ҳастанд.”

Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, рӯзи 8 июл, соати тақрибан 17, дар минтақаи ағбаи Чашмагилдан дар марз бо Тоҷикистон марзбонони қирғиз ҳадафи ҳамлаи ногаҳонӣ аз тарафи марзбонони тоҷик қарор гирифтанд ва тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст.

Марзбонони тоҷик қаблан хабар дода буданд, ки 4 марзбони қирғиз бо ҳадафи аспдуздӣ марзи ду кишварро дар минтақаи Росровут убур кардаанд ва дар натиҷаи тирпарронӣ ду марзбони қирғиз захмӣ шудаанд. Дар бораи талафоти ҷониби Тоҷикистон чизе гуфта намешуд.

АСПДУЗДӢ МЕОМАДАНД…

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шоми 8 июл хабар дод, ки соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 чор сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.

«Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.  Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд», гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Ба гуфтаи марзобонони тоҷик, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, сардори раёсати марзбонии вилояти Бодканд К. Толонбоев ва роҳбарони дигар мақомоти қудратӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва қазия аз ҷониби мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тафтиш мешавад.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то кунун наздики 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button