Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЧАРХАИ СОКИНИ ПОЙТАХТРО БО ЗӮР АЗ ДАСТАШ КАШИДА ГИРИФТААНД

Ду ҷавони 20 ва марди 27-солаи сокини пойтахт, ки якеашон пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба он гумонбар мешаванд, ки субҳи 8 июл, соати 9:30, дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ дучархаи як ҷавони 25-соларо бо зӯр кашида гирифтаанд.

ххххххххххххх

Рӯзи 8 июл, соати 11, пиёдагард, сокини 60-солаи шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, дар рӯбарӯи мағозаи “Анис” зери чархи мошини “Опел Астра” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҷон додааст.

хххххххххх

Ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт ва рафиқонаш Муҳаммад ва Иззат ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 1 июн  ба таври пинҳонӣ вориди  дӯкони як зани 45-сола дар бозори “Меҳргон” шуда, аз онҷо ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ дуздидаанд. Ҷустуҷӯи Муҳаммад ва Иззат идома дорад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 8-уми июли соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад дучархаашро тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва марди 27-солаи сокини пойтахт, ки якеашон пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи «Опел-астра»

Рӯзи 8-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», Ҷумъаева Зебунисо Амирбековна, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат кардан дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри мазкур, дар рӯ ба рӯи мағозаи «Анис», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард, Ҷалолва Мавлюда Саидмуродовна, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа Ҷалолова М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорд.

Ифшо гардидани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми июни соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи фӯрушаш, воқеъ дар бозори «Меҳргон» шуда, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт бо ҳамрохии рафиқонаш Муҳаммад ва Изат ном шахсон содир намудааст.
Барои муайян ва дастгир намудани Муҳаммад ва Изат ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button