Коррупсия

БОЗДОШТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ СӮҲРОБ РАҲИМОВ БО ИТТИҲОМИ ҚАЛЛОБӢ ВА СӮИИСТИФОДА АЗ МАНСАБ

Ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “қаллобӣ” ва “суистифода аз ваколатҳои мансабӣ” – парванда кушодаанд, вале тафсилоташ дастрас нест. Ӯ рӯзи 5-уми июли имсол дар маҳалли кор дастгир шуда, феълан таҳқиқи парвандааш аз сӯйи додситонии минтақа идома дорад. Назари пайвандону вакили дифоаш ба қазия маълум нест.

Як манбаъ дар Додситонӣ бо шарти зикр нашудани ном рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “боздошти муовини шаҳрдор аз тарафи маъмурони амниятӣ сурат гирифт”. Ба иттилои ин манбаъ, “ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст.”

Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили “Пайк” моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид кард.

Ин масъала дар нишасти матбуотии шаш моҳ пеш дар ҳукумати Кӯлоб низ дар миён гузошта шуд ва Сӯҳроб Раҳимов чунин посух дода буд: “Хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?”

Ҳоло дақиқ нест, ки боздошти ӯ ба ин баҳс рабт дорад ё ҳодисаи дигаре дар миён аст. На мақомот ва на пайвандонаш тафсилот намедиҳанд.

Моддаҳое, ки бар асоси он Сӯҳроб Раҳимовро муттаҳам медонанд, ҷарима ё то 5 сол маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.

Дар солҳои охир ин дуюмин мансабдори баландпоя дар ҳукумати Кӯлоб аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз мансаб дастгир мешавад. Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ низ кор кардааст, моҳи июни соли 2020 дастгир ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд ӯву пайвандонаш ҳукмро ноодилона хонданд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

https://www.ozodi.org/a/31350055.html

РАҲИМОВ Суҳроб Ҳабибуллоевич

 *аз 19 июни соли 2020 дар вазифаи дар вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб кор мекунад.

*Соли таваллуд  23 октябри соли 1967                  *Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб

*Миллат тоҷик                                                         *Маълумот олӣ

*Соли 1999, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст

*Ихтисос омӯзгори забон ва адабиёти точик,  иктисодчи 

*Унвони илмӣ надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

*Вакили Маҷлиси  вакилони халқ ҳаст ё не не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не

*Вазъи оилавӣ оиладор

*Суроға шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад 12/13

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1985-Коргари ширкати «Кӯлобсоз»-и шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1986-1988-Хизмат дар сафи қушунҳои  Иттиҳоди Шуравӣ
Солҳои 1988-1989-Коргари Иттиҳодияи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1989-1994-Коргари комбинати хизмати маишии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1995-1998-Устои Иттиҳодияи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1998-2004-Ронандаи қисмиҳарбии №11507 Дивизияи 201-уми Россия дар шаҳри Кӯлоббуда
Солҳои 2004-2009-Сармеханики фирмаи хусусии «Ҳабиб»-и шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2009-2012-Директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Султон»-ишаҳри Кӯлоб
Солҳои 2012-2014-Директори Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
Солҳои 2014-2019-Директори Корхонаи фаръии давлатии обу канализатсияи  шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2019- 2020          Директори Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ

                                          ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

  Аз 19 июни соли 2020      Муовини раиси  шаҳри Кӯлоб 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button