Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУЗДИИ ҶОМАДОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ВА ДУЗДИИ 7 САР ГОВ ДАР ЧӮБЕК

Як зани 55-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки санаи 21-уми майи соли 2021 дар фурудгоҳи Душанбе ҷомадони як мусофири хатсайри №104 самти “Истамбул-Душанбе”-ро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ҳаҷми зарари расондашуда ба соҳиби бағоч: марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе 3 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Акнун ба ин зан бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххх

Марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москва, маркази ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои мавзеи “Саркокул”-и ҷамоати Чӯбек 7 сар чорвои калони шохдори сокини 27-солаи  Чӯбекро дуздида, ба соҳиби чорво ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Ба ин мард низ барои дуздии чорво аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххх

Марди 58-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ суд шудааст, ин дафъа бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ санаи 7 январи соли 2020, дар ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 10 ҳазор дона дастпӯшаки тиббӣ ва маблағи пулиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 52 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба РВКДН бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми майи соли 2021, бо хатсайри №104 самти “Истамбул-Душанбе” ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад бағоҷашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содирнамудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2020, тахминан соати 15:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои мавзеи “Саркокул”-и ҷамоати деҳоти Чубек 7-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 38 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Oшкор гардидани кирдори қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 7-уми январи соли 2020, дар ноҳияи Фирдавсӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 10 ҳазор дона дастпӯшакҳои тиббӣ ва маблағи пулиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 52 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button