Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДОДСИТОНИИ КУЛ БОЗДОШТИ СОКИНИ ВОРУХРО СИЁСӢ НОМИД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8 июл бо нашри як изҳорот боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Фурқат Абдуфаттоев дар Русияро “сиёсӣ” номид ва гуфт, додситонии кулли Тоҷикистон “бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи Абдуфаттоев ду маротиба, 11 ва 13- феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд.” Дар натиҷа, рӯзи 6 июл бо қарори прокурори ноҳияи Кугарчин чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбат ба Абдуфаттоева Ф.А. тағйир дода шуда, ӯ аз ҳабс озод карда шуд.

Сокини ҷамоати Ворух Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич,  санаи таваллудаш 13.10.1976, 2 феврали соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Мраковои ноҳияи Кугарчини Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бар асоси дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дастгир шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, мақомоти қирғиз ӯро дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон айбдор мекунанд.

Фурқат Абдуфаттоев шоми 6 июл ба озодӣ баромад. Дар видеое, ки ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешу, ки Фурқат Абдуфаттоев аз бинои пулис берун шуда, дар рӯи ҳавлӣ асноди озодиашро имзо мекунад ва пулис ҳуҷҷатҳои ӯ, аз ҷумла шиносномаашро бармегардонад.

Фурқат Абдуфаттоев дар ҳоле озод карда шуд, ки додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон тоза  рӯзи 30 июн муҳлати ҳабси пешакии ӯро боз як моҳи дигар тамдид карда буд. Дар Қирғизистон ӯро  ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ дар марзи Ворух бо Бодканд  айбдор мекунанд ва ба ин далел таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Дар номаи раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао мешавад, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 гӯё бо мошин сангреза оварда, роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро бастааст ва ба ин тартиб, “ба бетартибӣ роҳ додааст”. Дар аввал ҷониби Қирғизистон иддао дошт, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 13-уми марти соли 2019 дар моҷарои марзӣ ширкат кардааст.

Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба Абдуфаттоев бар асоси моддаҳои “иштирок дар беназмиҳои оммавӣ” ва “авбошӣ” айб эълон карда, додгоҳи Бодканд ҳанӯз 27 августи соли 2019 ҳукми ҳабси ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир кардааст.

Худи Фурқат Абдуфаттоев ва наздиконаш инро рад карда, мегуфтанд, ки ӯ дар муноқишаҳои сарҳадӣ иштирок надошт.

Ҷамоати Ворух, ки аз чор тараф дар байни деҳаҳои қирғизнишин мондааст, яке аз нуқтаҳои доғ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор меравад.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ, вақте Фурқат Абдуфаттоев дар Русия паси панҷара қарор дошт, дар марзи Исфараву Бодканд, аз ҷумла дар марзи Ворух муноқишаҳои хунине сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button