ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 6 июл, тахминан соати 11:00 ронандаи мошини тамғаи “Деу-Сиело”, Хоҷаламов Эргашалӣ Султонович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати С.Айнии ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар километри 75-уми ин роҳ дар ҳудуди ҷамоати Айнӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромадааст ва дар натиҷа мошин ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷаи чаппа шудани мошин ронанда Хоҷаламов Э.С. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button