ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҶомеа

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ТАФТИШИ ПАРВАНДАИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ РУФЕЙДАРО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ХУД ГИРИФТ

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 7 июл хабар дод, ки раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода ва ҷараёни тафтиши парвандаи қатли ваҳшиёнаи Руфейда Иноятоваи ҳаштсоларо зери назорати қатъӣ гирифтааст ва амр додааст, ки ҷинояткорони ин куштори даҳшатбор  ҳар чӣ зудтар ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Руфейда рӯзи 4 июл аз назди хонааш дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ (корхонаи пахтаи Айнӣ) гум шуд ва пораҳои реза-резаи ҷасади ӯро рӯзе баъд пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли ин кӯдак ҳамсояашон Раҳматуллоро дастгир кардаанд. Саида Иноятова, аммаи кӯдак навишт, ки қотил Руфейдаро аввал таҷовуз карда, сипас мекушад ва ҷасадашро реза-реза карда, дар ҳоҷатхона партофтааст.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар як муроҷиатнома ба роҳбарони кишвар, аз ҷумла ба Рустами Эмомалӣ, хостори шадидтар кардани ҷазо барои ҷиноятҳо ба зидди кӯдакон шуданд.

Бисёриҳо дар Интернет зери хабари қатли Руфейда талаб доранд, ки ба қотили вай ҳукми қатл бидиҳанд ва ин ҳукмро дар байни мардум иҷро кунанд.

Маҷлиси миллӣ дар изҳороташ гуфт, “ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфейда, ки санаи 04.07.2021 сол дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боиси нигаронии амиқи Рустами Эмомалӣ гардида, раванди тафтиши ин ҷинояти мудҳиш зери назорати қатъӣ қарор дорад.”

Рустами Эмомалӣ вобаста ба ин ҳодиса Кумитаи ҳуқуқ ва қонунияти Маҷлиси миллиро муваззаф кардааст, ки “ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчӣ зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.”

Руфейда

11 сентябри соли 2020 Рустами Эмомалӣ дар як ҷаласа ба Прокурори генералӣ ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул ҷиҳати такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буд. Маҷлиси миллӣ гуфт, феълан лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии ҳукумат қарор дорад ва тибқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста барои ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан гузориш дода буд, ки кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи Руфейда Иноятоваи 8-соларо муайян ва дастгир карданд.

Мақомот расман дар бораи ин парванда то кунун шарҳе надодаанд, вале аммаи кӯдаки кушташуда Саида Иноятова,  ки қаблан эълони гум шудан ва сипас ёфтани ҷасади Руфейдаро дар Фейсбук нашр карда буд,  дар як матлаби пурсӯз, ки аз номи Руфейда навиштааст, хабар дод, ки дар қатли ин кӯдак ҳамсояи онҳо Раҳматулло, ки Руфейда бо кӯдаконаш дугона буду ҳамроҳ бозӣ мекард, гумонбар мешавад.

Саида Иноятоваи ғамзада навишт, ки Раҳматулло рӯзи 4 июл Руфейдаро бо роҳи фиреб ба манзили худ бурда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст ва сипас ӯро кушта, ҷасадашро пора-пора кардааст ва дар чанд халтаи алоҳида тақсим карда, дар ҳоҷатхона партофтааст.

Саида Иноятова менависад, ки дар тоза кардани изи ин ҷинояти ваҳшиёна ба Раҳматулло модараш кумак кардааст ва ӯ аз ҷумла изҳои хунро дар фарши даромадгоҳи бино ва дохили хонаашон тоза шуста, сипас наздикони Руфейда ва намояндагони мақомотро ба хонааш даъват карда, нишон додааст, ки Руфейда инҷо нест. Ва ин дар ҳоле будааст, ки ба навиштаи Саида Иноятова, пораҳои ҷасади Руфейда дар даруни халтаҳо ҳанӯз дар ин хона пинҳон карда шуда буд.

Ба навиштаи Саида Иноятова, вақте пораҳои ҷасади Руфейдаро ёфтанд, модари Раҳматулло боз модари ғамзадаи кӯдакро айбдор кардааст, ки айби худаш шудааст, чунки духтарашро беназорат гузоштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button