Агентии мубориза бо маводи нашъадори Тоҷикистон рӯзи 7 июл хабар дод, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни санҷишҳо дар бозорҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чандин мавриди тарғиб ё рекламаи ғайриқонунии маводи мухаддирро дар либосҳо ошкор кардаанд.
Маркази матбуоти агентӣ гуфт: “Натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар бозорҳои “Корвон” ва “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе 17 ҳолати фуруши либосҳои дорои аксҳои барги ниҳоли бангдонаро ошкор намуд. Дар натиҷа аз 17 нафар соҳибкорони инфиродие, ки ба фуруши чунин либосҳо машғул буданд, 239 адад либоси сабуки варзишӣ ва 530 адад куллоҳи варзишӣ бо тартиб додани ҳуҷатҳои дахлдор мусодира карда шуд.”
Ҳамин тавр, дар бозори ноҳияи Ёвон аз 4 соҳибкори инфиродӣ 21 адад либоси варзишӣ бо акси ниҳоли бангдона, ки василаи тарғиботу ташвиқоти маводи мухаддир арзёбӣ мешаванд, мусодира карда шудааст.
Агентии маводи мухаддир гуфт, ҳолатҳои тарғиби маводи мухаддирро ҳатто дар таронаҳои рэпсароёни тоҷик низ ошкор кардаанд: “Ба ҳамин монанд, шаҳрвандон Ризоев Зафар Маҳмадрузиевич ва Шарифзода Муҳаммадҷон Алихон то инҷониб ба хондани суруд дар жанри рэп машғул буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Ютуб, Фейсбук, Раудер – Офитсиал ва Тик – Ток саҳифаи алоҳида кушода, дар онҷо сурудҳои тарғиботии дорои характери ҷалбнамоӣ ба нашъмандию нашъаҷалобиро ҷой карда, бо паҳн намудани ин сурудҳо диққати ҷавононро бо худ ҷалб намудаанд. Номбурдагон аз ҳисоби ашъори тарғиботии нашъамандӣ, чунончи клип бо сурудҳои “Каннабис ва Марихуана”, ки муаллифи ин сурудҳо худашон мебошанд, маблағи муайян ба даст оварда, ба ин восита ба мафкураю андешаи шунаванда ва бинанда таъсири манфӣ мерасонидаанд.”
Агентӣ гуфт, нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурӯши либосҳои дорои аксҳои тарғиботии маводи нашъадор машғул буданд, ва сарояндагони репсаро аз тарафи ин ниҳод парвандаҳои маъмурӣ бар асоси моддаи 131 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазо барои тарғиби маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳоро пешбинӣ намудааст, оғоз гардида, онҳо бо қарори додгоҳҳо ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 600 то 1200 сомонӣ) ҷарима баста шудаанд.
Агентии мубориза бо маводи мухаддир аз ҳамаи соҳибкорон ва ҳунармандон, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки барои ба даст овардани фоидаи муфт ба тарғиби маводи нашъадор машғул нашаванд ва “дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва рафтору одатҳои номатлуб, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа ва таъмини тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон саҳми арзандаи худро гузоранд.”