ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ХУРШЕД САИДОВ, БОЗ ЯК ТАБИБИ ХУБИ МО АЗ ДУНЁ РАФТ…

Саидов Хуршед Мирзокаримович, номзади илмҳои тиб, муовини раиси Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон ва устоди кафедраи микробиологияи Донишгоҳи тиббии ба номи Аӯалӣ Ибни Сино, дар шуъбаи реаниматсияи корпуси панҷуми беморхонаи Қараболо аз олам чашм пӯшид.  Хуршед Саидов яке аз беҳтарин табибони бемориҳои сироятӣ дониста мешуд. Мисли соли гузашта, ӯ имсол низ дар хатти аввали ҷабҳаи мубориза бо мавҷи нави коронавирус қарор дошт. Рӯзи 6 июл вазъи саломатии ӯ якбора бад шуд ва Хуршед Саидовро ба шуъбаи реаниматсия интиқол доданд, вале табибон натавонистанд ин ҳамкасби худро аз чанголи марг наҷот диҳанд.

Дар чанд рӯзи аввали моҳи июл Хуршед Саидов инак чорумин табиб аст, ки дар Душанбе аз олам чашм мепӯшанд.

 Доктори илмҳои тиб, профессор Фарида Мансурова, яке аз вирусшиносони шинохтаи тоҷик ва фарзанди академик Ҳамид Мансуров, ки клиникаи машҳури Мансуров ба номи ӯст, рӯзи 1 июл дар синни 69 аз коронавирус ҷон дод.

Рӯзи 4 июл Савбзбаҳор Убайдова, як табиби бемористони Қараболо дар синни 56 вафот кард. Иллати марги ӯ эълон нашудааст.

Рӯзи 6 июл академик Карим Ҳайдаров, ки ӯро пири дорусозони тоҷик меномиданд, дар бемористони “Якум Советский” низ қурбони коронавирус шуд.

Хуршед Саидов дар мавзӯи бемориҳои пӯст рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ҳамчунин муаллифи даҳҳо асару мақолаи илми ва  ду таҳқиқоти пурарзиш дар  мавзӯи ангезандаҳои бемориҳо дар Пажуҳишгоҳи модару кӯдак ва таъсири муҳоҷират ба эпидемияи табларза дар Тоҷикистон буд.

Хуршед Саидов ҳамчун як табиби ҳозиқ, бо чеҳраи ҳамеша хандон ва моломоли энергияи мусбат  дар зеҳни бисёриҳо нақш бастааст. Онҳое, ки ӯро мешиносанд, менависанд, ҳеҷ боварашон намеояд, ки табибе, ки ҷони садҳо нафарро наҷот дод, чӣ гуна натавонист худро аз чанги аҷал халос кунад?

Хуршед Саидов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. Яке аз охирин чизе, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук гузошт, бознашри таронаи машҳури Фред Меркюри We will rock You (Мо Шуморо хоҳем ларзонд) буд. Дар воқеъ, марги ӯ ҳамаро сахт ларзонд…

Manuchehr Shamsullozod 

INNA LILLAH VA INNA ILAYHI ROJIUN!

Худованд рахматад кунад акаи Хуршед.

Ба пайвандону наздиконаш сабри чамил.

Дилрабо Муратова 

Худо Рахмат кунад Аки Хуршед

Галина Махмуд-Ахунова

Замечательный и доброй души был Хуршед Мирзокаримович.

Очень жаль, что ушел из жизни так рано.

И пусть его душа войдёт в иной мир – в царство небесное.

Надеюсь, он обязательно попадет в рай!

Пусть земля ему будет пухом!!!

Спи спокойно, Хуршед!

Мы всегда будем вспоминать тебя тихим, добрым словом…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button