ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК КАРИМ ҲАЙДАРОВ – ПИРИ ДОРУСОЗОНИ ТОҶИК

Академик Карим Ҳайдаров, профессор, доктори илмҳои тиб рӯзи 6 июл дар синни 86 аз олам чашм пӯшид.  Академик Ҳайдаров яке аз олимони варзида бахусус дар риштаи фармакология ва биохимия эътироф шуда буд. Академик Ҳайдаров Карим Ҳайдарович  муаллифи асарҳое, чун “Дорухонаи табиат” ва “Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон” буд ва дар мавзӯи тайёр намудани маводҳои доругӣ дар асоси растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат» таҳқиқот мебурд.

Бино ба хабарҳо, академик Ҳайдаров дар беморхонаи “Якум Советский” аз коронавирус ҷон бохта, дар зодгоҳаш дар канори мазори модару бародараш ба хок супурда шуд.

Марги соҳибдил ҷаҳонеро нишони кулфат аст,

Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

Ҳайдаров Карим Ҳайдарович 9 майи соли 1934 дар деҳаи Хоҷабайқули ноҳияи Орҷиникидзобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Давраи кӯдакии ӯ дар ҳамин деҳа сипарӣ гардида, соли 1943 ба мактаби миёнаи ба номи Коммунизм дохил шуда, дар онҷо то синфи ҳафт таҳсил намудааст. Баъди хатми ин мактаб ӯ се сол, солҳои 1951-1953 дар мактаби тиббии Душанбе таҳсилашро давом додааст. Аз соли 1953 дар факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро таҳсилашро оғоз намуда, онро соли 1959 бо ихтисоси духтури табобатӣ хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар беморхонаии ноҳиявии шаҳри Норак ҳамчун сардухтур фаъолият намудааст. Соли 1960 ба аспирантура дохил шуда, аллакай соли 1964 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии «Триакантин» ва “Папаверин” дифоъ ” намудааст.

Аз соли 1963 то соли 1964 аввал ба ҳайси ходими хурди илмӣ, баъдан аз 1964 то соли 1965 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи ходими калони илмӣ, аз соли 1965 -1968 ходими калони илмӣ ва солҳои 1968-2005 ҳамчун мудири шӯъбаи биофармакология, мудири озмоишгоҳи фармакологияи Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ фаъолият намудааст. Ҳайдаров Карим Ҳайдарович соли 1972 рисолаи доктории худро дифоъ намуда, аввал сазовори дараҷаи доктори илми тиб, баъдан соли 1982 соҳиби унвони профессорӣ гардидааст. Солҳои 1991-1995 Раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон солиён дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба сифати ассистент ва профессор сабақ додааст. Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба ҷустуҷӯ ва таҳияи доруҳои нав дар асоси синтези химиявӣ ва рустаниҳои доругии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Ҳамроҳи кормандонаш ба саноати тиббӣ доруҳои «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат»-ро, ки бо тарзи нав ҳосил карда шудаанд, тавсия додааст. Доруҳои ба даст овардааш «Тимогар» ва «Тимотсин» барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ истифода мегарданд. Асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ мебошад. Соҳиби беш аз 370 таълифоти илмӣ, 80 навоварӣ ва кашфиёт аст. Дар бисёр симпозиуму конфаронси байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.

Хизматҳои шоёни шодравонро ба назар гирифта ӯро соли 1989 ба унвони Ихтироъкори шоистаи ҶШС Тоҷикистон сазовор донистанд. Аз соли 1997 инҷониб Академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АМИТ (2009) ва соли 2020 Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино гардидааст.

Дар давоми фаъолияти илмии худ Ҳайдаров Карим Ҳайдарович чунин осорҳоро аз худ боқӣ гузоштааст:

• Сравнительное фармакологическое изучение триакантина и папаверина. – М., 1964;

• Дорухонаи табиат. – Д., 1971;

• Характеристика действия карбаматов ацетиленового и дигидропиранового рядов на центральную нервную систему: Дисс… доктора медицин. наук. – Пермь, 1972; Полимеры в медицине. – Д., 1975 (соавтор);

• Разработка и применение в Таджикистане новых лекарст-венных препаратов. – Д., 1982 (соавтор);

• Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон. – Д., 1986;

• Лечебные растения Таджикистана. – Д., 1988;

• Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон. – Д., 1988;

• Синтез и биологическая активность некоторых производных желчных кислот. – Д., 2000;

• Биологически активные производные глицерина. – Д., 2003 (соавтор);

• Химия и биологическая активность производных 1, 3, 4-тиадиазоло [3, 2-а] пиримидина. –М., 2004;

• Сравнительное изучение противоэпилептического препарата карбатин. – Д., 2013.

Шодравон аъзои Шӯрои диссертатсионии Д.047.003.02 дар назди пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва дигар Шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии шодравон Ҳайдаров К.Ҳ. шогирдони зиёд – д.и.тибб, профессор узви вобастаи АМИТ Раҳимов И.Ф. , Ҷамшедов Ҷ.Н. , Назарова З.Ҷ., Муродова М., Хоҷаева Ф. Ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя намудаанд. Шодравон дар баробари устоди сахтгир будан, инчунин насиҳатгӯ ва маслиҳатгари шогирдон ва аҳли ходимони ҷавони Институт буданд. Устод ҳамчун пири кор дар ҳама ҷамъомадҳо сухан намуда, ҷавононро барои меҳнатдустӣ, ватанпарварӣ ва дастгири намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамуданд.

Академик Ҳайдаров Карим Ҳайдарович дар соҳаи фармакология ва биокимиё фаъолият дошта, инчунин дар мавзӯи тайёр намудани маводҳои доругӣ дар асоси растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Триакантин», «Карбатин», «Равғани ангат» таҳқиқот мебурд. Таҳқиқотҳои Ҳайдаров К.Ҳ. дар бораи истифода намудани натиҷаҳои илмӣ оиди муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ, ҳангоми беҳолати ҷисмонӣ равона гашта буд. Дар натиҷаи кушишҳои бисёрсолаи ӯ усулҳои ҳосил намудани як силсила дорувориҳо, ихтироъ гашта, самтҳои нави истифодаи онҳоро ҳамчун маводи доругӣ ба таври мушаххас пешниҳод гардида буд.

Мавсуф аз соли 2013 то дами охирин ба ҳайси Сарходими илмии озмоишгоҳи фармакологияи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ фаъолия намудааст.

Дар симои Ҳайдаров Карим Ҳайдарович кишвар ва илми тоҷик яке аз олимони барҷаста, табиби боистеъдоди соҳаи фармакологияро аз даст дод. Чеҳраи гарми нуронӣ ва суханҳои пандомези падаронаи ӯ то дер дар дили аҳли кормандони Институт хотирмон хоҳал монд.

Аҳли кормандони Институти кимиё аз марги нобаҳангоми Ҳайдаров Карим Ҳайдарович, сахт андӯҳгин буда, ба аҳли пайванд ва наздикони шодравон аз ларгоҳи илоҳӣ сабри ҷамилро хоҳонанд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button