ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БЕШ АЗ 1000 ГУРЕЗА АЗ АФҒОНИСТОН БА БАДАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ОМАДААНД

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 7 июл ба хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод, ки беш аз 1000 гуреза аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба ин тарафи дарёи Панҷ, ба ВМКБ фирор кардаанд. Ғолиб Ниятбеков гуфт, ки ҳамаи онҳоро дар маконҳои амн ҷобаҷо кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилоят, аксари гурезаҳоро занону кӯдакон ва солмандон ташкил медиҳанд, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳанӯз ду ҳафта қабл бо изҳори нигаронӣ аз шадид шудани вазъият дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳушдор дод, ки Бадахшони Тоҷикистон бояд ба қабули то 10 ҳазор гуреза аз он сӯи Панҷ тайёрӣ бинад. Бахши аъзами аҳолиро ҳам дар Бадахшони Тоҷикистон ва ҳам дар Бадахшони Афғонистон пайравони мазҳаби исмоилӣ ташкил медиҳанд.

Маъмурияти ВМКБ  хабар дод, ки рӯзи 6 июл раиси вилоят Ёдгор Файзов масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро дар мулоқот бо роҳбарияти комисарияти Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бехатарӣ, дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зист баррасӣ кардааст.

Бино ба ин манбаъ, роҳбарони идораҳои Созмони Милали Муттаҳид аз бархӯрди мусбати мақомоти Тоҷикистон дар ин масъалаи ҳассос ситоиш кардаанд ва гуфтаанд, “қабули гурезаҳо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити мутташаниҷи минтақа, мушкилотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии КОВИД 19 худ як мисоли барҷастаи обрӯ ва масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст”.

 Ёдгор Файзов аз  иқдомоти анҷомшуда баҳри таъмини будубоши гурезагон ва мушкилоти мавҷуда ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалб маълумот дода, зикр кардааст, ки мақомот бо кумаки шарикони рушд ва аҳолӣ паноҳҷӯёнро бо хӯрока, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва хадамоти дигар ба қадри имкон таъмин карда истодаанд.

Ҷунбиши Толибон дар рӯзҳои охир аксари ноҳияҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи вилояти Бадахшонро таҳти назорати худ даровард ва 2300 сарбози нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд. Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири масоили амнияти миллии президенти Афғонистон рӯзи 6 июл гуфт, ки ин ҳама сарбозони ба Тоҷикистон фироркарда алакай пас оварда шуданд ва барои дифоъ аз шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон сафарбар шудаанд.

Ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардани ҳазорон сарбози афғон нигарониҳоеро дар бораи сарнавишти 1370 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба бор овардааст. Президенти Тоҷикистон ахиран амр дод, ки 20 ҳазор нафарро аз захира барои ҳифозати марз сафарбар кунанд. Русияву Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ барои ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пешниҳоди кумак кардаанд.

Аммо сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар мусоҳиба бо хабаргузории русии РИА Новости гуфт, ҳарчанд онҳо алакай беш аз 70 фоизи марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ даровардаанд, қасди эҷоди мушкил дар марзи бо Тоҷикистони, ба таъбири сухангӯи Толибон, “дӯст”ро надоранд. “Мо тасдиқ мекунем, ки ҳатто беш аз 70 фоизи марз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаем. Муносибатҳои мо бо кишвари дӯстамон – Тоҷикистон хеле хуб хоҳад шуд. Дар марзҳо амният барқарор мегардад ва ҳеҷ навъ дахолате рух нахоҳад дод “, – гуфтааст сухангӯи Толибон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button