Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷирон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ ОЗОД ШУДАНИ СОКИНИ ВОРУХ ФУРҚАТ АБДУФАТТОЕВ

Муҳоҷири тоҷики зодаи ҷамоати Ворухи Исфара Фурқат Абдуфаттоев, ки аз 1 феврал, инак беш аз 5 моҳ боз дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бо дархости мақомоти Қирғизистон дар ҳабс қарор дошт, шоми 6 июл ба озодӣ баромад.

Дар видеое, ки ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки Фурқат Абдуфаттоев аз бинои пулис берун шуда, дар рӯи ҳавлӣ асноди озодиашро имзо мекунад ва пулис ҳуҷҷатҳои ӯ, аз ҷумла шиносномаашро бармегардонад.

Фурқат Абдуфаттоев дар ҳоле озод карда шуд, ки додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон тоза  рӯзи 30 июн муҳлати ҳабси пешакии ӯро боз як моҳи дигар тамдид карда буд.

Дар Қирғизистон ӯро  ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ дар марзи Ворух бо Бодканд  айбдор мекунанд ва ба ин далел таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Дар номаи раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао мешавад, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 гӯё бо мошин сангреза оварда, роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро бастааст ва ба ин тартиб, “ба бетартибӣ роҳ додааст”. Дар аввал ҷониби Қирғизистон иддао дошт, Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 13-уми марти соли 2019 дар моҷарои марзӣ ширкат кардааст.

Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба Абдуфаттоев бар асоси моддаҳои “иштирок дар беназмиҳои оммавӣ” ва “авбошӣ” айб эълон карда, додгоҳи Бодканд ҳанӯз 27 августи соли 2019 ҳукми ҳабси ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир кардааст.

Худи Фурқат Абдуфаттоев ва наздиконаш инро рад карда, мегуфтанд, ки ӯ дар муноқишаҳои сарҳадӣ иштирок надошт.

Ҷамоати Ворух, ки аз чор тараф дар байни деҳаҳои қирғизнишин мондааст, яке аз нуқтаҳои доғ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор меравад.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ, вақте Фурқат Абдуфаттоев дар Русия паси панҷара қарор дошт, дар марзи Исфараву Бодканд, аз ҷумла дар марзи Ворух муноқишаҳои хунине сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=570536304330932&id=100041237025569

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button