Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист
ВАЗОРАТ МАРГИ 5 НАФАРРО АЗ КОРОНАВИРУС ТАСДИҚ КАРД. МАТБУОТ АЗ ДАСТИКАМ 19 ҚУРБОНӢ ХАБАР МЕДИҲАД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 5 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 26 ҳолати нви гирифторӣ ба коронавирус ва муттассифона, боз ду ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шудааст. Аз аввали моҳи июл ин вазорат алакай марги 5 нафар аз коронавирусро тасдиқ кардааст.
Дар матбуот то имрӯз рӯйхатти ҳудуди 19 нафар нашр шудааст, ки бо аломатҳои коронавирус ё “илтиҳоби шуш” вафот кардаанд. “Илтиҳоби шуш” диагнозе буд, ки мақомоти Тоҷикистон то тасдиқи расмии мавҷи нави коронавирус маъмулан аз он истифода мебурданд.
- Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 57-сола
- Домулло Абдураҳмон Боқизода, аз деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, 62-сола
- Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, 62-сола
- Наргис Ҳакимова, табиби дермато-косметолог
- Роҳат, ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 72-сола
- Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи равобити байналмилалии “Тоҷикстандарт”, 35-сола
- Қобилхоҷа Қобилов, раиси собиқи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ , 64-сола
- Майор Ҳомидҷон Устоев, корманди собиқи милитсияи шаҳру вилояти Қӯрғонтеппа
- Раҷабалӣ Саидвализода, мудири Дирексияи сохтмони иншооти давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент, 63-сола
- Ҷамшед Ҷаҳонгирзода, корманди бахши мусофиркашонии фурудгоҳи Душанбе, 39-сола
- Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар синни 80
- Фарида Мансурова, профессор, доктори илмҳои тиб, дар синни 69
- Ихтиёр Холматов, хатмкардаи филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара, дар қисми низомӣ
- Ҳаким Шарифов, табиби дандон, дар беморхонаи Якум Советский аз коронавирус даргузашт
- Савзбаҳор Убайдова, 56-cола, табиби бемористони Қараболо
- Хуршед Шарипов, 55-cола, соҳибкор аз кӯчаи Шамсӣ, қасабаи 82,
- Ҳамсари вазири собиқи вазири молияи Тоҷикистон Анваршо Музаффаров
- Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, дар синни 64
- Ӯзбекбӣ Асадуллоева, модарарӯси президент, дар синни 88



Писари Саидали Маъмур чӣ?