Дин ва боварҳо

НАХУСТИН ВИДЕО АЗ МАРОСИМИ ҶАНОЗАИ ХУШДОМАНИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ҶАМОАТИ ЧАПАЕВ

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи 6 июл дар ҷамоати Наврӯз (собиқ Чапаев)-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супорида шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон дар маросими намози ҷанозаи ӯ, ки соати 7:30 дар масҷиди Чапаев доир шуд, ҳудуди 7 ҳазор нафар иштирок дошта, ҷанозаро Саидмукаррами Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон имоматӣ кардааст ва такбирро Мавлавӣ Саъдиддин хондааст. Муфтӣ дар суханрониаш ёдовар шудааст, ки соли 2011 Ӯзбекбӣ Асадуллоева сафари Ҳаҷ карда буд ва дар Маккаву Мадина ҳар куҷое ки ӯро медиданд, ҳамеша даст ба дуо буд.

Шоҳидон мегӯянд, дар намози ҷаноза рӯҳониёни маъруфе чун Эшони Саидҷон, Мавлавӣ Саъдиддин, Эшони Муқтадӣ бо бародараш Эшони Комилхӯҷа иштирок доштанд ва муфтӣ ба нишони эҳтиром Эшони Саидҷонро, ки баъди хунрезии мағзӣ ҳанӯз аз маризӣ дуруст ба по нахестаанд, ба саффи аввали намозгузорон даъват кардааст.

Шоҳидон мегӯянд, Ҳоҷӣ Раҳматулло, писари калонии Ӯзбекбӣ Асадуллоева, ва писари дигари ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси Ориёнбонк, ва ҳамчунин Исмоили Муҳаммадзоир, абераашро дар маросими намози ҷаноза дар масҷид дидаанд. Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ба шуниди онҳо, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ барои видоъ бо бибиаш ба Чапаев омадааст, вале ӯ дар масҷид набуд, зоҳиран дар хонаи тағояш Ҳоҷӣ Раҳматулло, ки дар паҳлуи масҷид аст, мондааст.

Баъди адои намози ҷаноза ба сабаби хеле зиёд будани шумори иштироккунандагон роҳи Колхозобод – Бохтар ҳудуди ним соат баста шудааст. “Фақат  аз “Тойота Прадо” ягон 300 мошин буд. Кӯчаҳо набурд ин қадар мошинро ва бисёрашро дар ҳудуди бозоре, ки имрӯз кор намекард, гузошта буданд”, нақл кард яке аз шоҳидон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод”.

Ба гуфтаи шоҳидон, тобутро баъди намози ҷаноза бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” то оромгоҳ бурдаанд. Ӯзбекбӣ Асадуллоеваро дар оромгоҳи Чапаев, ки писари ӯ Ҳасан Асадуллоҳзода чанд вақт пеш тармимаш карда буд, дар паҳлуи подполковник Шамсулло Абдуллоев, додари Исмат Абдуллоев, раиси фурудгоҳи Душанбе,  ки соли гузашта қурбони коронавирус шуд, ба хок супурдаанд.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 5 июл, дар синни 88 аз олам чашм пӯшид. Ӯ як ҳафтаи охир дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” дар Душанбе таҳти табобат қарор дошт.

Сокинони ҷамоати Наврӯз (собиқ Чапаев) дар ноҳияи Балхӣ хабар доданд, ки ҷанозаи хушдомани президентро алакай шоми 4 июл аз Душанбе ба инҷо барои дафн оварданд. Ӯзбекбӣ Асадуллоева дар Чапаев  дар хонаи писари калониаш Ҳоҷӣ Раҳматулло Саъдуллоев зиндагӣ мекард.

Дар Чапаев аз Ӯзбекбӣ Асадуллоева ба унвони як зани хеле меҳрубон ва бо ҳама як тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз пушти мақом ва нуфузи баланди фарзандонаш ё аз президент будани домодаш каттагӣ намекард ва бо хурду бузург муносибати яксон ва боэҳтиром дошт.

Дар бораи иллати марги Ӯзбекбӣ Асадуллоева маълумоти расмие нашр нашудааст, вале як рӯз пеш як табиби “клиникаи Мансуров” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд,  ки хушдомани президентро бо аломатҳои коронавирус дар инҷо бистарӣ кардаанд ва ӯ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева 8 фарзанд: 2 духтар ва 6 писар дошт.

Писари калонии ӯ Ҳоҷӣ Раҳматулло ва ҳамчунин Шамсулло ва Ҳусейн (дугоникии Ҳасан Асадуллозода) дар водии Вахш заминҳои кишоварзӣ доранд, вале ба сиёсати калон дахолат намекунанд.

Амирулло Холов, писари дигараш чандин сол шаҳрдори Қӯрғонтеппа буд. Амонулло Саъдуллоев як мансабдори пурнуфуз дар ширкати “Барқи Тоҷик буда, ном писари хурдии ин хонавода Муҳибулло Саъдуллоев баъди ғасби рейдерии бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс ва ба зиндон афкандани соҳиби қаблии он бозор вирди забони расонаҳо шуда буд.

Як духтари ӯ ҳамсари Нахшов, роҳбари филиали “Амонатбанк” дар ноҳияи Сино буд. Нахшов соли 2018 аз олам чашм пӯшид.

Аммо, албатта, аз ҳама фарзандони машҳуртарини Ӯзбекбӣ Асадуллоева Азизамоҳ Раҳмонова,  ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон, ва Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст. Чандин тиҷорати бузург дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъол дар кишварро ба Ҳасан Асадуллоҳзода нисбат медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button