ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҶОЯТ БИҲИШТ БОД, ҲАБИБАИ ОРМОНӢ!

Журналист Раҷаб Мирзо  шоми 6 июл дар гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” хабар дод, ки “ҳамин лаҳза хабар расид, ки Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти Адиб кор мекард, ҷонро ба Ҳақ таслим намуд.”

Бино ба иттилои Раҷаби Мирзо, Ҳабиба Қурбонова  дар бемористони касалиҳои сироятӣ хоб буд ва чанд рӯзи ахир зери асбоби нафасгирии сунъӣ қарор доштааст.

Delafroz Kurboni 

ТАСЛИЯТ

Ман ҳеҷ фикр намекардам, ки ба ин зудӣ меравӣ…

Ҳамеша шитоб доштӣ, саросема будӣ, ба маросими азизе, ба табрики пайванде, ба хидмати аҳли хонаводаву пайвандон аҷала доштӣ, шояд меандешидӣ, ки ҳамин ҳоло бояд рафт, шояд фардое набошад…

Инро ту фаҳмидӣ, мо нафаҳмидем, кӯр шудем, ташвишҳои зиндагӣ чашмонамонро баст… Ва фурсате наёфтем, ки бо ҳам биншинем…

Дар намоиш – фурӯши китоб, ки нашриёти “Адиб” ташкил карда буд, дидамат, мисли бод мерафтиву меомадӣ, медавидӣ, то китоби дилхоҳи харидорро ба дасташ зудтар расонӣ. То дасти холӣ намонад. Лахте бо ҳам саломуалейк кардем. Ҳолатро пурсидам:

-Тезтар корамро бояд буд кунам, бо аҳли оила хонаи модарам рафтанием. Фалон хешамон маърака дорад… Наравем, намешавад…

Масъулияти фарзандӣ қарорат намегузошт…

Бори охир вақте дар “Адиб” – охирон ҷои корат дидамат боз ҳам шитоб доштӣ, ба соати телефонат нигоҳ кардӣ… Ноаён, аммо ман эҳсос кардаму пурсидам:

-Куҷое саросема ҳастӣ, Ҳабибаҷон?

-Дилҷон, ҳамсарам зодрӯз доранд…

Ман ҳам ки саросема будам, хушҳолона гуфтам:

-Чӣ хуб, боз ман тарсидам, ки бояд ин ҷо биншинам… Ман ҳам вақти кам дорам…

-Дилҷони ман, ВАҚТ ҳамеша кам аст, фикр мекунам барои анҷоми тамоми корҳоям намерасам. Ҳамин қадар медавам, боз ҳам корҳоям мемонанд… Лекин биё, серкориро баҳона накунему як рӯз ВАҚТ ҷудо карда шинем, кӣ медонад, ки фардо кӣ ҳасту кӣ нест…. Майлаш Дилҷон?…

Бо ишораи сар тасдиқ кардаму “ягон рӯз ҳатман” гуфтам…

Дигар акнун он рӯз намерасад…

Ту бо ҳамон одати азалият ШИТОБКОРОНА бидуни худоҳофизӣ рафтию дидорро ба қиёмат гузошта…

Магар расми дӯстӣ ҳамин аст, азизам?

Гоҳ-гоҳ дар истгоҳу нақлиёту кӯчаҳои шаҳр хандон медидамату дилам мешукуфт…

Чӣ бонуи хушсуҳбату меҳрубону бамеҳру будӣ, азизам.

Ҳамаи ҳамкоронат аз Телевизиони Тоҷикистон, Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва нашриёти “Адиб” пайваста аз одоби хубу ахлоқи ҳамидаву донишу зебоият мегуфтанду тамҷид мекарданд.

Бори дигар мутмаин шудам, ки хубонро Худоҷон пештар мебарад…

Рӯҳат шоду хонаи охиратат обод бошад, дӯсти азизам.

Ба пайвандони ҷигархунат ҳамдардам ва барояшон сабри ҷамил металабам.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button