ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ

Моҳбону Раҳмонова, модари овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ дар синни 84 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷанозаи марҳум рӯзи 6 июл, соати 14 дар деҳаи Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ дар канори шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.
Ба гуфтаи наздиконаш, модари Афзалшоҳ бемории ҷиддие надошт ва ба иллати синну сол вафот кардааст.”Бо пои худ мегашт, вале субҳи 6 июл бандагиро ба ҷо оварданд”, гуфт яке аз наздикони ин хонавода.
Афзалшоҳи Шодӣ (Афзалшо Шодиев) соли 1962 дар Панҷакент ба дунё омада, соли 1983 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Афзалшоҳи Шодӣ қариб тамоми умр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор карда, чанд сол роҳбарии онро низ ба ӯҳда дошт.
Ӯ соли 1989 сазовори ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, соли 1993 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоиста ва соли 2008 сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд. Соли 2000 ҷоизаи мусиқии Ироқ “Semiramida» – 2000”-ро ба даст овардааст.

