ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР БОХТАР 25 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ЗОДАИ КОНИБОДОМРО ДУЗДИДААНД

Марди 46-солаи сокини шаҳри Бохтар ба он гумонбар мешавад, ки санаи 2 ба 3-юми июли соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи зодаи Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар даромада, аз он ҷо 25 ҳазор доллар ва 3 ҳазор рубли русиро дуздидааст.

ххххххххххх

Ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешаванд, ки

санаи 3 июл бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи ҶСП ИИИС “Техноинвест”,  воқеъ дар ҷамоати Баҳор шуда, аз он ҷо 33-метр ноқили барқиро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 940-сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххх

Марди 34-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 3 июл бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии хоҳари худаш, зани 37-солаи сокини ноҳияи Сино шуда, аз он ҷо 22 ҳазор сомониро дуздидааст.

хххххххххх

Ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Файзобод ба он гумонбар мешавад, ки 26 январи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини  ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 139 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо он корафтодаро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

ххххххххх
Зани 52-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ  ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи майи соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 49-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст. ВКД гуфт, ҳамин зан бо ҳамин роҳ ба боварии зани 57-солаи сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, миёнаҳои соли 2020, ӯ ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, низ ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.

хххххххххх
Марди 59-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2007 бо роҳи фиреб ба боварии  як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тойота”-ро ба маблағи 4 500 доллар нарх карда гирифт, вале аз ин маблағ танҳо 600 долларашро дода, 3900 доллари дигарро то ҳол барнагардондааст. Бар илова, соли 2011, аз ӯ боз 25 ҳазор доллар гирифта, ин пулро ҳам дигар барнагардондааст.

ххххххххх
Марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабри соли 2020, дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии сокини 43-солаи ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 6 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 43-солаи зодаи ноҳияи Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 2 ба 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор доллари амрикоӣ ва 3 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби роҳбари ҶСП ИИИС “Техноинвест” ворид гардид, ки санаи 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур шуда, аз он ҷо 33-метр ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 940-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро бародараш марди 34-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 26-уми январи соли 2021, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба боварии бародараш марди 31-солаи сокини ноҳияи Файзобод даромада, аз ӯ 139 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш қитъаи замини назди ҳавлиги ҷудо карда медиҳад, аммо фиреб дода маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи майи соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ зани 52-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Худи ӯ, бо ҳамин роҳ ба боварии зани 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, миёнаҳои соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ аз ӯ ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон марди 62-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2007 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе марди 59-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тойота”-ро ба маблағи 4 ҳазору 500-доллари амрикои нархгузори карда гирифта, 600-доллари амрикоиашро дода, боқимонда 3 ҳазору 900-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. Инчунин соли 2011, аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2020, дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button