ДАЛЕР НАЗАРОВ ДУЧОРИ КОРОНАВИРУС ШУДААСТ. БАРОИ ШИФОИ МАЭСТРО ДУО КУНЕД!

Далер Назаров, хушномтарин ситораи эстрада ва мусиқии тоҷикӣ, ҳафтаи гузашта дучори коронавирус шудааст ва ҳоло дар Душанбе дар хона табобат мегирад. Ин хабарро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” писари ӯ овозхон ва мутриб Аброр Назаров, ҳамчунин Парвиз Назаров, як намояндаи дигари барҷастаи сулолаи Назаровҳо аз АлмаАто тасдиқ карданд. Аброр Назаров гуфт, “шукри Худо, аҳволаш ҳоло хеле хубтар шудааст”.
Далер Назаров дар рӯзҳои охир ба Хуҷанд ва Бадахшон сафар доштааст, вале маълум нест, ки вирус ӯро дар куҷо гирифтор кардааст? Вале наздикони ӯ ҳамаро итминони хотир медиҳанд, ки вазъи Далер Назаров рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва ҷое барои нигаронӣ нест.
Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 ба дунё омадааст. Падари ӯ Меҳрубон Назаров дар замони Шӯравӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Далер Назаров аз оғози солҳои 80-уми асри гузашта, инак 40 сол боз яке аз овозхонҳои аз ҳама пуртарафдор дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Далер Назаров суруди зиёд наменависад, вале ҳар чизе ки ӯ меофарад, шоҳкор аст.
“Эй парӣ”, “Агар он турки шерозӣ…”, “Чак чаки борон”, “Мастам-мастам”, “Некӣ бимонад ҷовидон”, “Рӯдакӣ”, “Биёед” … ин танҳо як рӯйхатти нопурраи таронаҳои шоҳкори Далер Назаров аст, ки ҳар кадомаш мисли тоҷе дар хазинаи тиллоии мусиқии муосири тоҷик медурахшанд.
Дӯстон! Биёед, якҷоя барои шифои комили Маэстро дуо кунем!


