ВидеоМуҳоҷирон

9 СОЛ ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ФУРӮХТАНИ 64 ГРАММ ҲЕРОИН ДАР ВЛАДИКАВКАЗ

Додгоҳе дар ҷумҳурии Осетияи шимолии Русия як шаҳрванди 25–солаи Тоҷикистонро бар асоси қисми чоруми моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Русия дар кӯшиши фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор шинохта, ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Дар ин бора рӯзи 6 июл прокуратураи Осетияи шимолӣ хабар дод.

Бино ба фарзияи додгоҳ ва додситонии ноҳияи Промышленнийи шаҳри Владикавказ, ҷавони тоҷик моҳи октябри соли 2020 бо як нафари шахсияташ барои тафтишот номаълум маслиҳат карда, бар асоси он маслиҳат, бо автобуси Маскав – Владикавказ» ба Осетияи шимолӣ ҳероин овардааст. Ӯ сипас бо мақсади фурӯш ин маводи мухаддирро дар 5 махфигоҳ пинҳон карда, мехост суроғаҳояшонро ба шарики худ бидиҳад, вале дастгир шуд.

Вазни маводи мухаддири аз ин махфигоҳҳо ёфтшуда 64 граммро ташкил додааст.

Шахсияти шарики ин қочоқбари тоҷикистониро то ҳол муайян накардаанд ва парвандаи ӯ дар дасти тафтишот боқӣ монда, алоҳида  тафтиш ва баррасӣ бояд шавад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Ҳоло дар Русия тақрибан 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт ё зиндон қарор доранд. Тақрибан 30 дарсади онҳо, бино ба ҳисобҳо, бо ҷурми қочоқу фурӯши маводи мухаддир  ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир пушти панҷара афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button