ВидеоФарҳанг

ШОИР ДАВЛАТ САФАР МУОВИНИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ТАЪЙИН ШУД

Шоири тоҷик Давлат Сафар бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаи мовини вазири фарҳанг таъйин шудааст. Хабаргузории русии “Спутник” рӯзи 5 июл аз қавли манбааш хабар дод, ки Давлат Сафар аллакай дар вазорати фарҳанг ба ҳайси муовини нави вазир дар умури фарҳанг, ҳуқуқ ва илм расман муаррифӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Давлат Сафар дар ин мақом Қурбоналӣ Абдураҳимзода иваз мекунад ва аз ҷумла умури китобхонаҳоро ба ӯҳда хоҳад дошт. Абдураҳимзода, ки ҳамагӣ як сол қабл муовини вазир таъйин шуда буд, рӯзи 19 июн дар синни ҳамагӣ 57 аз коронавирус вафот кард.

Давлат Сафар 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба дунё омада, соли 1993 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз карда, аз ҷумла барномаро танқидии “Ранда”ро пеш мебурд.

Ӯ солҳои 2012-2014 дар мақоми мудири кулли КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2014 ба ҳайси сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз соли 2019 ба ҳайси мудири нашриёти “Адиб” кор кардааст. Давлат Сафар аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои “Пайғоми ишқ” (1998), “Шеъи гаҳвора” (2010), “Шаҳбол” (2010), “Авҷи парвоз” (2011), “Дурахши истиқлол” (2011), “Девони ашъор” (Кобул, 2013), “Исёни ғурур” (2013)  ба табъ расидаанд.

Нашриёти “Адиб” баъди ба роҳбариаш омадани Давлат Сафар дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади тарғиби китобу китобхонӣ корвонҳои фурӯши китобҳояшро ташкил мекунад. Бисёриҳо аз ин ташаббуси Давлат Сафар тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ӯ тавонист бозори чанд даҳсола боз сардшудаи китобро дар Тоҷикистон аз нав гарм кунад ва мутолиаи китобро аз нав ба мӯд табдил диҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button