ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ФАРМОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: 20 ҲАЗОР САРБОЗИ ЭҲТИЁТИРО БА МАРЗ САФАРБАР КУНЕД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл дар тамосҳои телефонӣ бо роҳбарони Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои амният вазъи мураккабшуда дар Афғонистонро баррасӣ карда, дар ҷаласаи Шӯрои Амният  ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо амр додааст, ки барои таҳкими ҳифоати марз бо Афғонистон 20 ҳазор сарбози эҳтиётиро сафарбар кунанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рзи 5 июл дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон доир шуд,  дар робита ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳо барои тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Вобаста ба вазъ дар сарҳади давлатӣ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ҳисобот додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш додааст, ки бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон барои таъмини амнияти давлату миллат дар хатти марз чораҳои мушаххас андешанд.

Ӯ аз ҷумла амр додааст, ки барои ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзур карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад. Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофи дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани марз бо Афғонистон 20 ҳазор нафар низомиёни эҳтиётиро сафарбар намоянд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  05.07.2021

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл дар мавзӯи вазъи Афғонистон бо президентҳои Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом додааст.  Зери контроли Толибон қарор гирифтани дастикам 910 км аз 1370 км марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардани беш аз 1500 низомии афғон ба нигарониҳои кишварҳои СНГ дар мавриди амнияти марзҳои Тоҷикистон афзудааст.

Аз ҷумла дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, бино ба гузориши хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, ду раҳбар вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, муҳокима карда, зикр кардаанд, ки  сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии ОДКБ ва тамоми СНГ аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст. Як рӯз қабл дабири кулли ОДКБ Станислав Заятс низ хостори ироаи кумакҳои оҷил барои ҳимояти марзҳои Тоҷикистон  дар пешорӯи бад шудани вазъ дар Афғонистон шуда буд.

Субҳи 5 июл нирӯҳои мархбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар пайи ба дасти Толибон афтодани чанд ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммархи вилояти Бадахшони Афғонистон 1037 ҳарбии афғон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Дар ним моҳи охир алакай беш аз 1500 нафар аз низомиҳои афғон ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд.

Рӯзи 4 июл масъалаи ба Тоҷикистон ақиб нишастани ҳарбиёни афғонро Эмомалӣ Раҳмон дар як тамоси телефонӣ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ дар миён гузошта буд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташкили як ҷаласаи вижа аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд барои қабули дастикам 10 ҳазор гуреза аз Бадахшони Афғонистон тайёрӣ бинанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button