Ҷомеа

ДУХТАРЕ, КИ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ГУМ ШУДА БУД, МУРДААШРО ЁФТААНД

Рӯзи 5 июл ҷасади Иноятова Руфейда, духтараки 8-солаеро, ки рӯзи 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ гум шуда буд, пайдо карданд. Дар ин бора дар Фейсбук аммаи Руфейда Saida Inoyatova хабар дод.

 «Духтаракро мурда ёфтанд. Тафсилотро ҳоло гуфта наметавонем ва ҳам намедонем. Милится ва ҳама мақомоти масъул кор карда истодаанд. Акнун танҳо дуо металабем. Сипос барои зангу паёмҳо ва пуштибониатон! Мутаассифона, маълумоти аз ин бештар нест. Хоҳиш мекунам, дуо кунед, ки Худованд ба додари ману ҳамсари ӯ, ба бибиҳои Руфейда ва хоҳараконаш сабр диҳад. Ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки бетараф наистоданд! Ташаккур барои дастгирӣ, барои дуоҳоятон, барои ҳама чиз!!!», – навиштааст Саида Иноятова.

Ӯ шоми 4 июл эълони гум шудани ҷиянаш Руфейдаро нашр карда буд. Саида навишт, ки духтарак аз хона барои қазои ҳоҷат берун баромадааст ва бо ҳамин ғайб задааст. Оилаи Руфейда дар хонаҳои дуқабатаи кӯҳна дар шаҳраки Навобод (корхонаи Айнӣ), дар паҳлуи роҳи Душанбе – Шарора зиндагӣ мекард. Ҳоҷатхонаи ин бино дар берун аст.

Тафсилоти дигари фоҷиа рӯшан нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button