ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БОХТАРУ ҒАФУРОВ ВА ПИСАРИ ХУДАШРО КОРД ЗАДАНИ ЯК СОКИНИ СОЛХӮРДА ДАР ТУРСУНЗОДА

Шаби 3 июл, тахминан соати 03:10, ронандаи “Ҳундай Аксент”, Нуралиев Эмомалӣ, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бинои ҳукумати вилояти Хатлон ба самти чорроҳаи бинои Коллеҷи тиббию иноватсионии шаҳри Бохтар дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард Набиев Ғанӣ, соли таваллудаш 1942, сокини ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғараро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Набиев Ғ.Н. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

хххххххх
Инчунин, шаби 3 июл, соати 22:20, ронандаи КАМАЗ, Мирзоев Тоирхӯҷа, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Чаноқ-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», таҳти идораи ронанда Обидов Маҳмадобид, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст. КАМАЗ баъди ин ба мошини тамғаи «Синотрак», таҳти идораи ронанда Ҷуманов Шаҳзод Хайрулло-Уғлӣ, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҷиззахи вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Тойота-Кемри» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи «Синотрак»  ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

ххххххххххххххххххх

Марди 63-солаи сокини ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки шоми 2 июл, тахминан соати 19:00, бино бар сабаби муноқишаи оилавӣ ба қисмати чапи шиками писари 30-солааш як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

хххххххххххх
Ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки шаби 25 июн, соати 22:00, дар назди хонааш бо ҳамдеҳаи  50-солаи худ аз сабаби хусумати дерина ҷанҷол карда, ба саломатиаш зарари миёна расондааст. Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 3-юми июли соли 2021, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аксент”, Нуралиев Эмомалӣ Ҳайдарович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бинои Ҳукумати вилояти Хатлон ба самти чорроҳаи бинои Коллеҷи тиббии иноватсионии шаҳри Бохтар дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Набиев Ғанӣ Набиевич, соли таваллудаш 1942, сокини ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғараро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Набиев Ғ.Н. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 3-юми июли соли 2021, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», Мирзоев Тоирхӯҷа Акбархӯҷаевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Чанок-Хуҷанд-Душанбе», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», таҳти идораи ронанда Обидов Маҳмадобид Азизмаҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Баъдан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи «Синотрак», таҳти идораи ронанда Ҷуманов Шаҳзод Хайрулла-У-лӣ, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҷиззахи вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Тойота-Кемри», Обидов М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Синотрак», Ҷуманов Ш.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 63-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, санаи 2-юми июли соли 2021, тахминан соати 19:00, бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо писараш, марди 30-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо корди ошхонагӣ як маротиба ба қисмати ҷапи шиками писараш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 25-уми июни соли 2021, тахминан соати 22:00, дар назди хонааш бо марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи мазкур, аз сабаби ҳусумати дерина муноқиша ва ҷангу ҷанҷол карда, ба саломатиаш зарари миёна расонидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button