Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Муродализода Миралӣ Муродалӣ, собиқ муовини сардори Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ва бозраси БДА Юнусов Усмоналӣ Ҳусановичро анҷом дода, ба додгоҳ супурдааст. Муродализода ва Юнусов бар асоси қисми якуми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора айбдор мешаванд. Ба онҳо тибқи ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол таҳдид мекунад.
Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт, Муродализода Миралӣ Муродалӣ дар вазифаи муовини сардори Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” аз шаҳрванд “А” 3800 сомонӣ талаб кардаас.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди ба воситаи бозрас оиди омодагии ҳарбӣ ва касбии шуъбачаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусов Усмоналӣ Ҳусанович ба сифати пора гирифтани маблағ боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.
БДА яке аз ниҳодҳои фасодзада дар таркиби мақомоти интизомии Тоҷикистон ном бурда мешавад. Ҳар сол дар бораи боздошти чандин корманди ин ниҳод бо иттиҳоми талаби пора ё тамаъҷӯӣ хабарҳо нашр мешаванд.