Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ ҲАМСАРИ ВАЗИРИ СОБИҚИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС

Ҳамсари Анваршо Музаффаров, вазири собиқи молияи Тоҷикистон, аз бемории коронавирус вафот кардааст. Худи Музаффаров дар бистари беморӣ қарор доштааст. Дар ин бора рӯзи 4 июл дар Фейсбук Карамулло Одилов, ҳамсабақи  Анваршо Музаффаров хабар дод.

Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бофавои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд. Аз рӯи шунидаҳоям, ҳоҷиояи марҳум инсони хеле поксирату парҳезкор, ботақвою боимон, донандаю риоякунандаи талаботҳои Қуръони карим буданду бо дӯсти мо Анваршо Музаффаров ҳаёти якҷояи гуворою хушбахтона доштанд”, – навиштааст Карамулло Одилов.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 28 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ва як ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Маълум нест, ки ин як ҳолати марг даргузашти ҳамсари Анваршо Музаффаровро дар назар дорад ё ягон ҳолати дигарро?

Анваршо Музаффаров аз соли 2000 то 2004 вазири молияи Тоҷикистон буд.

Мақомоти Тоҷикистон, ки ошкор шудани ҳолатҳои нави коронавирусро дар кишвар аз аввали соли 2021 рад мекарданд, рӯзи 21 июн билохира эътироф карданд, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави коронавирус ошкор шудааст ва сухан дар бораи мавҷи нави ин беморӣ меравад. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 3 июл пӯшидани ниқобро дар маконҳои ҷамъиятӣ ва ваксина аз коронавирусро барои тамоми аҳолии синнашон аз 18 боло  ҳатмӣ гардонд ва аз аҳолӣ хост, ки тӯю маъракаҳои худро бо иштироки теъдоди ҳадалимкон ками меҳмонон гузаронанд.

Вазорати тандурустӣ дар се рӯзи охир ҳалокати инак се нафарро аз коронавирус тасдиқ кардааст.  Вале дар расонаҳо дар ду ҳафтаи охир дар бораи фавти дастикам 15 нафар аз танҳо шахсиятҳои шинохта аз ин бемории марговар гузоришҳо нашр шудаанд.

Карамулло Одилов

Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бофавои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд.

Аз рӯи шунидаҳоям, ҳоҷиояи марҳум инсони хеле поксирату парҳезкор, ботақвою боимон, донандаю риоякунандаи талаботҳои Қуръони карим буданду бо дӯсти мо Анваршо Музаффаров ҳаёти якҷояи гуворою хушбахтона доштанд.

Албатта, аз даст додани шахси наздик барои ҳар фард хеле мушкилу дардовар аст, вале чӣ илоҷ, мо бандагон ба тақдироти Худованд бояд розӣ шавему сабру таҳаммулро пеша намоем.

Худо ин ҳоҷиояи гиромиро раҳмату мағфират карда, ҷояшонро дар ҷаннатул Фирдавс муқаррар намояд ва ба аҳли оилаю пайвандонашон сабри ҷамил ато намояд.

Аз даргоҳи Яздони пок талаб дорем, ки ба худи Анваршо Музаффаров, ки дар бистари беморӣ қарор доранд, шифои комилу оҷил ато намояд, барояшон умри бардавом, зиндагии пурнур, сабру таҳаммул ва меҳру муҳаббати беандозаи фарзандону пайвандонро насибадор гардонад.

Эй Аллоҳи бузургу тавоно, фақат ту қодир ҳастӣ, ки бандагонатро аз ин рӯзҳои ногувор, раҳоӣ диҳӣ !

Танҳо Ту метавонӣ мардуми сайёраро аз ин вабои аср – бемории хатарзои коронавирус ва дигар офату балоҳо наҷот диҳӣ !

Мо бандагони оҷизу нотавон ба кӯмаку наҷотбахшии Ту умед дорем ва хоҳони онем, ки рафтагони моро раҳмату манзили охираташонро обод гардону, барои мо беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро ҳадя намо !

ОМИН Ё РАББУЛ ОЛАМИН !!!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button