Ҷомеа

МАРВОРИДЕ, КИ ДИГАР НА ДАР ДАРЁ ПАЙДОЯШ НАМУДАНДУ НА ДАР САҲРО…

Junaydulloh Khudoyorov 

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Марвориди Муҳаммадлоиқ, санаи таваллудаш 01.09.1997, зодаи деҳаи Сангималикии ҷ/д Боқӣ Раҳимзодаи н.Рашт қаблан бори аввал оила бунёд мекунад, вале бо амри тақдир зиндагиашон дуруст намегирад, ва аз шавҳари аввалааш ҷуд мешавад.

Бори дувум бо Наҷмиддинов Саймиддин Қадриддинович, сокини деҳаи Шул, ҷамоати Нусратулло Махсуми н.Рашт оила бунёд мекунанд ва баъди издивоҷ дар хонаи волидони шавҳараш бо онҳо ба зиндагии якҷоя шурӯъ менамоянд.

Як чанд моҳ мегузараду шавҳараш Саймиддин ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меравад. Дар муддати набудани шавҳараш Марворид борҳо аз мушкилоти хонавода ва фишорҳои наздикони шавҳараш болои ӯ ба модари худаш шикоят намуда будааст, вале модар ва бародари бузурги Марворид ба ӯ ҳар бор таъкид мекарданд, ки тоқат кунад ва рафта зиндагиашро идома диҳад.

Баъди баргаштани шавҳараш аз Ф.Р. дере нагузашта чӣ чизе рух медиҳад, ки Худованд медонаду шавхараш ва хонаводаи шавҳараш, Марворид ба зиндагии якҷоя бо онҳо тоб наоварда аз хонаи шавҳараш шабона баромада ба тарафи деҳаи Сангималикӣ фирор мекунад. Падари духтар мегӯяд, ки саҳари рӯзи 26- уми июли соли 2019 аз хонаи қудоям ба мо занг зада гуфтанд, ки духтаратон баромада рафтааст.

Акои Муҳаммадлоиқ гуфт: мо ҳамроҳи оила ва наздикону шиносҳоямон ҳамон рӯз тамоми роҳу соҳилҳои дарёву чуқуриву пастиҳоро ҷустуҷӯ намудем, вале ҳеҷ нишонае пайдо накардем, ва баъдан нафаре бароям гуфт, ки дар поёни деҳаи Шӯл дар “Шиномантаж”-и лаби роҳ камераи назоратӣ мавҷуд аст, як ҳамонро рафта аз назар гузаронидан лозим! Муйсафед мегӯяд, ки рафта аз кормандони онҷо хоҳиш намудем, онҳо камераро кофта, наворро ба мо нишон доданд, ки дар нимаи ҳамон шаб духтарам борхалтааш дар дасташ ба самти зодгоҳаш, яъне деҳаи Сангималикӣ , ки тахминан 15 километр роҳ аст, ҳаракат карда мегузарад ва баъди 15 то 20 дақиқа як мошини сабукрави сиёҳ мегузарад, вале рақамҳои қайди давлатӣ ва тамғаи мошин намоён набуданд, то пайдо намуда фаҳмем, дохилаш киҳо буд ва куҷо ҳаракат доштанд?

Он рӯз бегоҳ шуд, нишонае пайдо накардем, хусусан дар соҳили Сурхоб, вале рӯзи дувум рафтем, дар поёни деҳаи Қазноқ хусуру хушдомани духтарам ва як духтарашон якҷоя фарёд заданд, ки биёед либосҳои Марворидро пайдо намудем.

Вақте ман давида рафтам як пар пояфзол, як рӯймол, як пар гӯшвору як чалаи тиллои, ва як фонарик мисле, ки дар ҷевон чортаҳ карда мондагӣ бошанд, онҷо болои санге меистоданд. Вақте ман ба наздикии онҳо расидам, дарҳол падари домодам онҳоро аз болои сангҳо бардошт ва ман барояш гуфтам, ки агар инҳо воқеан либосҳои духтари ман ҳастанд, пас чаро онҳоро аз ҷояшон бардоштӣ? Бояд намеҷунбондӣ, то мақомоти марбута омада медиданд ва муайян менамуданд, ки изи дастони кӣ дар онҳо истода аст?

Вале қудоям ба ман гуфт: ман худамро гум кардам, ва аз сӯзиши дилам онҳоро аз ҷояшон бардоштам,  мегӯяд падари духтар.

Акои Муҳаммадлоиқ мегӯяд, ки баъди чанде аз ҷустуҷӯ ва пурсу суроғ як ҷавон аз деҳаи Навдонаи ҷамоати Қалъаи Сурхи н.Рашт бо ман тариқи шиносҳо дар тамос шуда гуфт, ки тахминан охирҳои моҳи июли соли 2019 ман бо хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба Санкт-Петербург парвоз намудам, духтари туро дидам, ҳамроҳи мо дар як ҳавопаймо парида омад. Мо як чанд рӯз бо он ҷавон дар тамос будем, ва чӣ хеле шуд, ки вай ба ман занг зада гуфт, ки ту манро ба мақомот гуфтӣ ё мегӯӣ, ман намехоҳам проблемаи зиёдатӣ, ва манро ба рӯйхати сиёҳ ворид намуд ё симкорташро иваз кард, ки дигар ман бо ӯ дар тамос шуда натавонистам.

Хулоса: Падари ранҷдида мегӯяд ин 26-уми июли 2021 пурра ду сол мешавад, ки Яъқубвор дар ҳасрати дидори рӯи фарзандам месӯзам, дар ин давом як писарам ҷавонмарг шуду ҳамсарам дар ғами писари фавтида ва Марвориди гумном аз пой ғалтидааст. Дарҳои тамоми мақомотҳои давлатиро кӯфтем, ба тамоми роҳу васила ҷустуҷӯ намудем, на қади дарёҳо монду на чуқуриву на пастӣ, вале ҳеҷ нишонае нест, ки нест, мегӯяд падари дилсӯхта.

“Дар зиндагиам ҳеҷ чиз намонд тамоми дорогиямро фурӯхта, сарфи ҷустуҷӯи духтарам намудам, аммо натиҷа надод… Мегӯянд, ин одамӣ аст,  шояд, аз як тараф фишори шавҳару хонаводаи шавҳар, ва аз ҷониби дигар гӯшзадҳои пай дар пайи модар ва сиёсатҳои бародар водор намуда бошанд, ки духтари ман бо ягон роҳу восита ба Русия рафта бошад ва нахоҳад, ки бо мо робита барқарор кунад. Аз якояки шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бахусус аз мардуми н.Рашт хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки пурсуҷӯ намоянд, ва агар хабаре пайдо намуданд ё шояд касе дар куҷо буданашро донад ҳар маълумоте доранд бо ман дар тамос шаванд интизори хушхабар ҳастам”, – мегӯяд акои Муҳаммадлоиқи то ҳол умедвори расидани дубора ба дидори фарзанди гумшуда.

Ҳамватанони азиз!

Дар охир аз ҳамаи Шумо даъват ба амал меорам, ки ба ҳар роҳу воситае, ки метавонед барои пайдо намудани ин духтар кумаки худро расонед.

Рақамҳои телефон барои тамос: +992931710145 Мухаммадлоиқ.

Дар аксҳо расми Марвориди гумгашта ва расми падараш акои Муҳаммадлоиқ.

Ҷ.Х.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button